Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даргузашт


Ӯро бо аломатҳои бемории илтиҳоби шуш бистарӣ кардаанд.
Ӯро бо аломатҳои бемории илтиҳоби шуш бистарӣ кардаанд.

Убайдулло Файзулло, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки намояндаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар маҳал маҳсуб мешавад, даргузаштааст.

Дар ҳукумати ноҳия рӯзи 9-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки раиси ноҳия, ки бемории шабеҳи зуком доштааст, дар ҳамин рӯз ва ҳангоми интиқол барои муолиҷа ба Душанбе дар роҳ ҷон додааст.

Як манбаи дигар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Убайдулло Файзуллои 58-сола бо аломатҳои бемории илтиҳоби шуш бистарӣ шуда буд. Қарор аст, маросими дафни ӯ рӯзи 10-уми декабр дар зодгоҳаш дар ҷамоати Чапаеви ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор шавад. Ҳукумати ноҳия бо нашри як баёнияи кутоҳе ба аъзои хонаводаи ӯ имрӯз изҳори тассалият гуфтаанд.

Убайдулло Файзулло, бародари раиси фурудгоҳи Душанбе ва аз хешовандони Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” ва додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон буд.

XS
SM
MD
LG