Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо музокироти муҳимеро бо Тоҷикистон оғоз мекунад


Ҷозеп Боррел, сиёсатгузори умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо ҳангоми сафар ба Тоҷикистон.
Ҷозеп Боррел, сиёсатгузори умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо ҳангоми сафар ба Тоҷикистон.

Шурои Иттиҳоди Аврупо дастур додааст, то мақомоти иҷроияи иттиҳодия гуфтушунид бо Тоҷикистонро барои имзои созишномаи нави шарикии густурда ва ҳамкорӣ оғоз кунад.

Шӯро рӯзи 8-уми декабр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, созишнома барои густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон замина фароҳам мекунад ва ба гуфтаи Ҷозеп Боррел, сиёсатгузори умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо Тоҷикистонро ба ислоҳот ҳавасманд мекунад.

Дар баёния омадааст, пешрафти музокирот ба “беҳбуди вазъ дар заминаи ҳифзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, аз ҷумла озодии баён, расонаҳо ва гирдиҳамоӣ бастагӣ хоҳад дошт.” Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, талош барои таҳкими ҳамкорӣ бо Тоҷикистон бо назардошти вазъи геополитикӣ дар ҷаҳон ва саъйи иттиҳод барои таҳкими робитаҳо бо Осиёи Марказӣ аст.

Иттиҳоди Аврупо, ки яке аз сармоягузорони аслии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва ба кишвар садҳо миллион евро кумак кардааст, барои беэътиноӣ ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон танқид мешунавад.

Дар баёнияи Иттиҳодияи Аврупо омадааст, дар муколамаи дуҷониба дар бораи ҳуқуқи инсон бо Тоҷикистон, ки рӯзи 7-уми декабр сурат гирифт, таъкид шуд, ки “Равобити наздиктар ва қавитари дуҷониба бо риояи арзишҳои муштараки демократӣ, волоияти қонун ва эҳтиром ба ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон имконпазир аст.

XS
SM
MD
LG