Рӯзҳои 4-7-уми декабр дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ ҳамоиши минтақавии ҳамбастагии олимпӣ/Шӯрои олимпии Осиё барои кумитаҳои олимпии қора баргузор шуд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин ҳамоиш намояндагони кумитаҳои миллии олимпии узви Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) ширкат варзиданд. Тоҷикистонро ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров ва дабири кулли КМОТ Муҳаммадшо Абдуллозода намояндагӣ карданд.
Мудири департаменти Бозиҳои варзишии Шӯрои олимпии Осиё Ҳайдар Фармон гуфт, “ҳамоиши чоррӯза барои вакилони кумитаҳои олимпӣ заминаи комилеро фароҳам овард, то масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, бахусус омодагӣ ба ду бозии маҷмӯии OCA дар соли 2023 - Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин (23-юми сентябр – 8-уми октябр) ва Бозиҳои 6-уми осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Бангкок ва музофоти Чонбурии Тайланд (17-26-уми ноябр)-ро баррасӣ кунанд.”
Дар ҳамоиш, инчунин масъалаи омодагиҳо ба Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ дар Париж баррасӣ шуд. Аз номи Кумитаи олимпӣ ва паралимпии Арабистони Саудӣ, мудири иҷроия оид ба маркетинг ва равобит Абдулазиз Ал-Бақус гуфт, ки ҳамоиш ба кумитаҳои олимпӣ дар мавриди омодагӣ ба Олимпиадаи Париж-2024 низ кӯмак кард.
Ҷефф Сю, ноиби мудири Департаменти равобити байналмилалии Кумитаи тадорукоти Бозиҳои осиёӣ – Ҳангжоу-2022, маълумоти умумиро оид ба омодагӣ пешниҳод намуда, гуфт, ки 54 майдони мусобиқот дар шаш шаҳр ва 31 тамрингоҳи мустақил мавриди истифода қарор гирифтанд.
Сю дар мавзӯи пандемияи Ковид-19 таъкид намуд бояд сиёсати ҳукумати Чинро роҳнамоӣ кунанд, аммо гуфт, ки вазъ тағйир меёбад ва маҳдудиятҳо "ба таври ҷиддӣ беҳтар мешаванд."
"Мо бо OCA дар моҳҳои март - май дастурамалро барои муайян кардани расмиёт таҳия мекунем. Мо ба онҳое, ки ба Ҳангжоу меоянд, тавсия медиҳем, ки пурра эм карда шаванд. Қоидаҳои мавҷуда пешбинӣ мекунанд, одамоне, ки ба Чин меоянд, бояд панҷ рӯзро дар карантин гузаронанд.”
Кумитаи тадорукоти Бозиҳои 6-уми осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ (AIMAG) дар Тайланд рӯйхати муҳлатҳои асосӣ, инчунин шарҳи маконҳои баргузории мусобиқот ва манзилҳои расмии AIMAG дар Бангкок ва музофоти Чонбуриро пешниҳод кард.
Бозиҳо 35 намуди расмии варзиш ва ду намуди варзиши намоишӣ ва ҳамагӣ 334 чорабиниро дар бар мегирад. Бангкок дорои 13 макон хоҳад буд, ки 123 чорабиниро баргузор мекунад ва Чонбури - музофоти соҳилӣ, ки бо макони сайёҳии Паттайя машҳур аст, дар 9 макон 211 чорабинӣ доир хоҳад кард.