Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони "Нурафшон"дар ҷустуҷӯи мавҷи телефону интернет ба кӯҳу саҳро мераванд. ВИДЕО


Мушкили беобии деҳаи Нурафшони ноҳияи Темурмалик
Мушкили беобии деҳаи Нурафшони ноҳияи Темурмалик

Сокинони як деҳаи дурдаст дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон барои тамос бо наздикони роҳдурашон ба теппаву кӯҳҳо мебароянд. Дар ин деҳ мардум аз оддитарин шароит барои зиндагӣ, аз ҷумла обу роҳи дуруст ва дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ маҳруманд. Дар ҷустуҷӯйи мавҷи телефону интернет онҳо ба кӯҳу саҳро мераванд.

Дар ду соҳили руди Сурхоб, дар вилояти Хатлон, деҳаҳои Восеъ ва Темурмалик ҷойгиранд. Сокинони деҳаи Нурафшони ноҳияи Темурмалик барои сафар ба маркази ноҳия бояд ин рудро, ки на ҳамеша бехатар аст, убур кунанд.

Соҳили руди Сурхоб
Соҳили руди Сурхоб

Ин деҳа расман дар ҳудуди ноҳияи Темурмалик аст, аммо роҳаш ба Восеъ хеле наздиктар аст. Вақте сатҳи об баланд мешавад, сокинон то кам шудани он, аз тарс, аз деҳа берун намераванд. Аксарият кӯшиш мекунанд, фақат дар сурати пеш омадани зарурат барои ҳуҷҷатгузорӣ ба маркази ноҳия раванд.

Аз ин деҳ то ноҳияи Восеъ 18 километр, вале то Темурмалик 70 километр роҳ аст. Сокиноне, ки бо мушкилоти зиёд дар байни ду ноҳия танҳо мондаанд, аз мақомот талаб доранд, ки ба онҳо таваҷҷӯҳ кунанд.

Сокинони "Нурафшон" дар ҷустуҷӯи мавҷи телефону интернет ба кӯҳу саҳро мераванд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:39 0:00

Шоҳрух Маҳмадқулов, сокини деҳаи Нурафшон аз чанд ҳолати ба об афтидани одамон ёд меорад . “Дар ин об одамон ғарқ шудаанд. Мо занҳову кӯдакону хурдсолонро наҷот додаем. Одами калон бо асп мегузарад, чандин нафар ҳангоми гузаштан аз руд маблағ ва маҳсулоти харидкардаашонро дар ҳамин Сурхоб аз даст афтондаву гум кардааст. Ваъият ҳамин хел мушкил аст.”--гуфт, ӯ.

Танҳо мушкили роҳ нест, ки зиндагии сокинони деҳаи Нурафшонро сахт кардааст. Мардум дар ин рустои дурдаст ба телефон ва интернет, ки ҳоло бисёриҳо бе он кору зиндагии худро тасаввур намекунанд, дастрасии хуб надоранд. Сокинон даҳҳо маротиб ба ширкати мухобиротии “Мегафон” барои насби мавҷпароканӣ муроҷиат кардаанд. Аммо ин талошҳо бенатиҷа буда, ҳоло онҳо маҷбуранд барои занг задан ба наздикони роҳдурашон дар ҷустуҷӯи мавҷ ба теппаву куҳ бароянд.

“Аслан дар инҷо интернет вуҷуд надорад, бачаҳо аз деҳа баромада, қариб як ду километр дуртар ба болои кӯҳ ё ба саҳро мераванд, то интернеташон кор кунаду даҳ ё понздаҳ дақиқа, бо падару модар ё аҳли оилаашон суҳбат кунанд. Дар асл, мушкил дар ҳамин ширкати “Мегафон” аст, ки дуруст кор намекунад.”- мегӯяд, Сайфиддин Турсунов, сокини дигари деҳаи Нурафшон.

Ҳар хонавода дар ин деҳ ҳади аққал ду хар ва як асп дорад. Ин ҷонварон барои обкашонӣ ба мардуми беоб хеле муҳиманд. Обкашӣ як кори аслии сокинон дар инҷо аст. Мӯъмин Холмуродов барои осон шудани кораш ҳар рӯз бо ду хар аз дарёи Сурхоб об меорад. “Агар сел шавад ва ба ин тараф гардад, мо аз осмону замин канда мешавем. Аввалин мушкили мо роҳ ва дуюмаш об аст. Дар як рӯз то 3-4 бор аз дарё об меорем.”- гуфт, Муъмин.

Сокинони Нурафшон мегӯянд, барои сероб кардани деҳа як роҳ вуҷуд дорад. Бояд бо қубурҳо аз дарёи Сурхоб то деҳа об кашида шавад.

Як сол пеш раиси ноҳияи Темурмалик ба ин деҳа сафар карда, ба сокинон ваъда додааст, ки ба мушкилашон расидагӣ хоҳад кард. Аммо ин ваъда иҷро нашуд ва ба гуфтаи мардум, то кунун ягон иқдоме барои ҳалли мушкили деҳа рӯйи даст гирифта нашудааст.

Ягона чизи хушҳолкунанда барои сокинони деҳаи Нурафшон ин аст, ки онҳо маҳдудияти нерӯи барқ надоранд. Деҳа як хатти махсуси барқ барои манораи мавҷгирии телевизионӣ дорад ва он бояд мунтазам барқ дошта бошад. Аз ин рӯ ҳоло хонаҳои мардуми деҳ рӯшану гарм аст, аммо ин тарс ҳам ҳаст, ки рӯзе симчубҳои кӯҳнаву пӯсидаи хатти барқ аз кор мемонаду ин хурсандии сокинон ҳам ба охир мерасад ва деҳаи Нурафшон, “бенур” хоҳад шуд.

Ҳароси сокинон аз эҳтимоли бебарқ мондан ҳам сабаб дорад. Онҳо мегӯянд, дар як шамоли сахт чандин симчӯби деҳ шикастааст ва сокинон ин симчӯбҳоро пайванд ва симпеч кардаанд. Азамат Нуралиев, сокини дигари деҳаи Нурафшон, мегӯяд:“Шикаста чаппа мешаванд. Шамол шавад, онҳо меафтанд. Худатон дида истодаед, ки онҳо ба як шамоли сахт тобовар нестанд. Симҳояшон заиф шудаву, бардошт карда наметавонанд.”

Ин деҳаи дурдасти ноҳияи Темурмалик солҳои 1950 таъсис ёфтааст. Аксари сокинонаш узбектаборанд ва дар гузашта бо чорводорӣ рӯз мегузаронданд. Ҳоло сохтмони хонаҳо дар ин деҳоти кӯҳӣ дар авҷ аст. Аҳолии русто сол аз сол бештар ва зиндагии мардум ҳам дар ин ҷо сахттар мешавад.

XS
SM
MD
LG