Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон беш аз 400 зиндониро афв карданд


Президенти Узбекистон, Шавкат Мирзиёев
Президенти Узбекистон, Шавкат Мирзиёев

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон 402 маҳбусро афв кардааст. Қарори афв ба муносибати 30 солагии сарқонуни ин кишвар содир шудааст.

Тибқи фармони президенти Узбекситон, 17 маҳбуси хориҷӣ, 63 зан, 26 марди аз 60 сола боло ва 19 нафаре, ки барои узвият дар созмонҳои мамнӯъ дар зиндон буданд, пурра озод шудаанд. Аз маҷмуи афвшудаҳо 128 кас аз идомаи ҷазо комилан озод, 201 кас шартан, пеш аз муҳлат раҳо шуда, ҷазои 15 тани дигар сабуктар хоҳад шуд.

Аз 402 тани шомили афв 223 кас маҳбасҳоро тарк мекунанд, 121 танро аз назорати пулис хориҷ ва муҳлати ҷазои 58 тани дигарро кам мекунанд.

Пештар аз ин, дар Узбекистон бахшида ба ҷашни Наврӯз 75 зиндонӣ афв шуда буд. Соли гузашат низ ба истиқболи ҷашни сарқонун дар ин кишвар 182 нафар аз зиндон раҳо гаштанд.

Дар Тоҷикистон сару садо буд, ки дар ҷашни Рӯзи истиқлолият ё ба муносибати Иди сарқонун дар шашуми ноябр афви маҳбусон сурат мегирад. Наздикони зиндониён интизор доштанд дар робита ба ин санаҳо, пайвандони маҳбусашон бахшида ва озод мешаванд, вале чунин коре нашуд.

Охирин афв ба муносибати 30 солагии истиқлолият моҳи сенятбри соли гузашта дар Тоҷикистон сурат гирифта буд. Бар асоси он, ба гуфтаи мақомот, 11 ним ҳазор нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод гардида буданд.

XS
SM
MD
LG