Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон ҳам аз таъсиси "иттиҳоди газ" бо Русия худдорӣ кард


Узбекистон омода аст, бо Русия оид ба газ шартномаи тиҷорӣ бандад, аммо тасмим надорад, шомили "иттиҳоди газ" шавад. Дар ин бора вазири энержии Узбекистон Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов хабар дод.

Ба гуфтаи вазир, Тошканд "ҳаргиз дар ивази газ шартҳои сиёсиро қабул намекунад". Маскаву Тошканд дар бораи интиқоли гази Русия тавассути ҳудуди Қазоқистон гуфтугӯ доранд, аммо "ин шартномаи техникӣ аст" ва "маънои иттиҳодро надорад,"-гуфт Мирзомаҳмудов.

Дар фасли зимистон Узбекистон ба камбуди энержӣ рӯ ба рӯ мешавад. Ба далели камбуди энержӣ Узбекистон иҷборан аз интиқоли шаш миллион метри мукааб газ дар рӯз ба Чин худдорӣ кард.

Пештар аз ин Қазоқистон пешниҳоди Путинро дар бораи "иттиҳоди сегонаи газ" рад карда буд. Роман Василенко, муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон гуфт, кишвараш иҷоза намедиҳад, ки барои давр задани таҳримҳои Ғарб истифода шавад.

Коршиносон мегӯяд, таъсиси "иттиҳоди газ" метавонист, ба Кремл имкон диҳад, ки таҳримҳои Ғарбро давр занад ва газашро ба фурӯш барорад.

Владимир Путин, президенти Русия дар мулоқот бо ҳамтои қазоқистониаш Қосимҷомарт Тоқаев дар охири моҳи ноябр пешниҳоди таъсиси "иттиҳоди газ"-ро байни Русия, Узбекистон ва Қазоқистон кард.

XS
SM
MD
LG