Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Соро компания» барандаи секаратаи Ҷоми Тоҷикистон шуд


Дастаи «Соро компания»-и Душанбе, ки дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футзал тими «Амонатбонк»-ро бо ҳисоби 5:0 мағлуб кард, бори сеюм барандаи Ҷоми миллӣ гардид.

Бозии ниҳоӣ 7-уми декабр дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон баргузор шуд. Ду голи Самандар Ризомов, инчунин голҳои Дилшод Саломов, Идрис Ёров ва легионери эронӣ Муҳсин Муҳаммадзода ба «Соро компания» пирӯзӣ овард.

Қаблан «Соро компания» солҳои 2020 ва 2021 Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб шудааст. Ин бошгоҳ бо роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов имсол, инчунин Суперҷомро ба даст оварда, ғолиби Суперлигаи Тоҷикистон гардид.

Дар маросими мукофотсупорӣ, инчунин ба беҳтаринҳои мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон ҷоизаҳо тақдим шуд. Самандар Ризомов («Соро компания») бо ҷоизаи беҳтарин бозигари финали мусобиқа сарфароз гашт. Ба Маҳдӣ Мустафоӣ («Соро компания») ҷоизаи беҳтарин дарвозабон супурда шуд. Хуршед Маҳмудов («Вавилон»), ки 11 гол задааст, ҷоизаи беҳтарин нишонзани Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард.

Ҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футзал

Финал

«Соро компания» – «Амонатбонк» – 5:0

Голҳо: Самандар Ризомов, 5 (1:0). Идрис Ёров, 26 (2:0). Самандар Ризомов, 31 (3:0). Дилшод Саломов, 35 (4:0). Муҳсин Муҳаммадзода, 36 (5:0).

Аз майдон хориҷ шуд: Умед Муъминзода («Амонатбонк»), 23 – барои таҳқири ҳарифаш.

Беҳтарин бозигари дидор: Самандар Ризомов («Соро компания»).

7 декабр. Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ. 1200 тамошобин.

XS
SM
MD
LG