Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳо: Ҷасади сардори як маркази барқу гармидиҳӣ дар Қазоқистон пайдо шудааст


Ҷасади сардори қитъаи шаҳрии маркази барқу гармидиҳии шаҳри Экибастузи Қазоқистон Сергей Видлогро пайдо карданд. Дар ин шаҳр аз охири ҳафтаи гузашта низоми гармидиҳӣ гирифтори мушкил шудааст.

"Рӯзи 4 декабр, соати 21.25 дақиқа дар "гараж"-и ҷамъияти "Пушти фармон" дар дохили мошини навъи "ВАЗ-21099" ҷасади Видлог С.В., соли таваллудаш 20 августи 1989, сардори маркази барқу гармидиҳӣ, пайдо шуд", - хабар додаанд расонаҳои Қазоқистон.

Дар хабарҳо омадааст, ки дар ҷасади Видлог нишонаҳои марги маҷбурӣ дида намешавад.

Пулиси шаҳри Экибастуз аз кушода шудани парвандаи ҷиноӣ хабар дод.

Шаби 27 ноябр дар шаҳри Экибатсуз, ки 150 ҳазор сокин дорад, дар қубурҳои гармидиҳӣ садама рух дод. Ба далели садама садҳо манзили бисёрошёна дар сармои 30-дараҷаӣ бегармӣ монданд.

XS
SM
MD
LG