Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки се паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи Jerusalem Masters 2022 дар Исроил 


Темур Раҳимов
Темур Раҳимов

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо Jerusalem Masters 2022, ки рӯзҳои 20-22-юми декабр дар шаҳри Иерусалими Исроил баргузор мешавад, Тоҷикистонро се варзишгар намояндагӣ хоҳад кард.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқа дар ҳар вазн варзишгарони пешқадам тибқи мавқеашон дар феҳристи ҷаҳонӣ ширкат меварзанд. То ҳоло барои иштирок дар ин мусобиқа 314 варзишгар (150 мард ва 164 зан) аз 55 кишвари панҷ қораи ҷаҳон номнавис шудаанд, аммо дар байни онҳо гуштигирони Ҷопон, ватани ҷудо, нестанд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи охирини байналмилалии мавсими имсола се паҳлавони маъруфи тоҷик, ки барои гирифтани имтиёзҳо ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Париж-2024 талош меварзанд, намояндагӣ хоҳанд кард: Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг).

Дар ҳамин ҳол дар радабандии ҷаҳонии ҷудо Темур Раҳимов дар ҷойи якум, Комроншоҳ Устопириён дар ҷойи 16-ум ва Эмомалӣ Нуралӣ дар ҷойи 36-ум қарор доранд.

Рӯзи аввали мусобиқа – 20-уми декабр – қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон доир мегардад. Дар рӯзи дуюми мусобиқа – 21-уми декабр - гуштигирони вазнашон -73 кг, -81 кг миёни мардон ва -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат хоҳанд кард. Мусобиқа бо қувваозмоиҳои варзишгарони вазнашон сангин -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон ва -78 кг, +78 кг миёни занон 22-юми декабр ба поён мерасад.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ хоҳанд шуд, инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад.

Бояд гуфт, ки дар мусобиқаи устодони ҷаҳонии ҷудо (World Judo Masters), ки моҳи январи соли 2021 дар шаҳри Давҳаи Қатар баргузор шуд, Тоҷикистонро се варзишгар намояндагӣ кард. Аз байни онҳо Темур Раҳимов натиҷаи хубтар нишон дод. Ӯ дар вазни беш аз 100 кило мақоми панҷумро касб намуд. Вале Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯзи Хоҷазода, ҳарду дар вазни то 73 кило, дар аввалин рақобати худ шикаст хӯрданд.

XS
SM
MD
LG