Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарон дар Муғулистон истеъфои ҳукуматро талаб доранд


Улан-Батор. Муғулистон. 5 декабри 2022
Улан-Батор. Муғулистон. 5 декабри 2022

Эътирозгарон дар шаҳри Улан-Батор, пойтахти Муғулистонрӯзи 5-уми декабр, талош карданд, ки ба бинои ҳукумат ворид шаванд. Онҳо таҳқиқи фасодкориҳо ва истеъфои ҳукуматро талаб доранд. Дар ин бора нашрияи ҳизби ҳокими Муғулистон - "Монголын унэн" хабар додааст.

Эътирозҳо дар Улан-Батор 4-уми декабр, баъди он оғоз шуд, ки қазияи дуздии ангишт ба маблағи 12,9 миллиард доллар расонаӣ гашт. Сокинон бо талаби таҳқиқи дуздии манбаъҳои табииву пулҳои буҷа, ифшо кардани номи қаллобон ва истеъфои ҳукумат дар хиёбони марказии шаҳр тазоҳурот карданд.

Бархе аз таҷаммуъгарон дар даст парчами миллӣ ва лавҳаҳо бо шиори "Дуздии мардумро бас кунед!" доштанд.

Дар сеюумин шаҳри бузургтарини Муғулистон - Дархан низ эътирозгарон ошкор кардани номи қаллобон ва мусодираи амволи онҳоро талаб намуданд. Мардум бо шиори "Зидди дуздон муттаҳид мешавем!" ба кӯчаҳо баромаданд.

Расонаи "bne IntelliNews" хабар додааст, ки ин масъала дар ҳукумати Муғулистон се бор баррасӣ ва нисбат ба ширкати давлатии истихроҷкунандаи ангишти "Эрдэнэс Тавантолгой" низоми махсус ҷорӣ карда шудааст.

Вазири рушди иқтисодии Муғулистон Хурэлбаатар Чимид гуфт, дар дуздии ангишт панҷ мудири пешини ширкати истихроҷкунандаи он гумонбаранд. Мақомот барои гуфтугӯ бо эътирозгарон гуруҳи корӣ ташкил кардаанд.

XS
SM
MD
LG