Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони кулли Тоҷикистон қудои президент Раҳмон мешавад


Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Додситони кулли Тоҷикистон, Юсуф Раҳмон. Акс аз 27 августи соли 2017
Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Додситони кулли Тоҷикистон, Юсуф Раҳмон. Акс аз 27 августи соли 2017

Як мансабдори баландпояи Тоҷикистон қудои Эмомалӣ Раҳмон шуд.

Рӯзи якшанбеи 4-уми декабр дар тарабхонаи нави “Магнолия”-и шаҳри Душанбе маросими “оши наҳор”-и издивоҷи духтари хурдии президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо писари Додситони кул, Юсуф Раҳмон баргузор шуд.

Қарор аст, ҷашни арӯсии Фарзона Раҳмон ва Сафархон Юсуф Раҳмон охири ин ҳафта барпо шавад. Ин дар ҳолест, ки хабарҳои хостгорӣ ва омодагиҳо ба тӯй аз баҳори имсол сари забонҳо буд.

Сафархон Раҳмон, писари Додситони кулли Тоҷикистон дар Раёсати кишварҳои ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кор мекунад. Ҷойи кори Фарзона Раҳмон маълум нест.

Чанд манбаъи Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки нахустин маросими ин арӯсӣ баргузор шудааст. “Рӯзи 4-уми декабр ба муносибати издивоҷи ин ду ҷуфт дар тарабхонае дар маҳаллаи Қазоқони шаҳри Душанбе оши наҳор дода шуд, ки дар он мансабдорони баландпоя ва наздикони ду тараф иштирок карданд,”—гуфт яке аз онҳо.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони дигари мо, ин минтақа ба муносибати омадани раисиҷумҳур бозсозӣ, поккорӣ ва рангубор шудааст. Тарабхонаи “Магнолия” ки маросими “оши наҳор” он ҷо баргузор шудааст, ба гуфтаи манбаъҳо, аз як мансабдори дигари баландпояи Тоҷикистон аст. Маълум нест, бо он маоши начандон бузург ва мамнуъ будани соҳибкорӣ барои мансбадорони давлатӣ, ин шахс чӣ гуна тавонистааст, чунин як иншооти калон бунёд намояд.

Фарзона Раҳмон, духтари хурдии Эмомалӣ Раҳмон аст. Заррина Раҳмон, духтари аз Фарзона бузургтари Эмомалӣ Раҳмон бо писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон издивоҷ карда буд.

Маъмулан, қудо ва домодҳои президенти Тоҷикистон соҳиби мансабҳои калидӣ ва тиҷоратҳои бузург ҳастанд. Ҷамолиддин Нуралиев, шавҳари Озода Раҳмон, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон буд ва чанд тиҷоратро дар кишвар ба ӯ мансуб медонанд. Шамсулло ва Зоҳир Соҳибовҳо, ду домоди Эмомалӣ Раҳмон, дар Тоҷикистон тиҷорати бузург доранд ва бозори сухту маводи озуқаро монополия кардаанд.

Infographics - Family tree of Emomali Rahmon, president of Tajikistan
Infographics - Family tree of Emomali Rahmon, president of Tajikistan

Рухшона Раҳмон, ҳамсари Шамсулло Соҳибов сафири Тоҷикистон дар Бритониё таъйин шудааст. Таҳмина Раҳмон, духтари дигари ӯ ҳамроҳ бо шавҳараш Зарифбек Давлатов ба тиҷорат машғул аст. Як таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки ӯ бо шавҳараш бозори фурӯши билетҳои ҳавопаймоиро монополия кардааст ва аз ин роҳ даромад ба даст меорад.

Ашраф Гулов, шавҳари Парвин Раҳмон, духтари дигари президенти кишвар сафири Тоҷикистон дар Туркия аст.

Пайванди нави хешутаборӣ бо Эмомалӣ Раҳмон ба Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон имкон ва шароит пеш хоҳад овард, ки мансаби худро мисли Бег Сабур, қудои дигари ӯ дарозтар кунад ва таъсири ӯро умури давлат густариш диҳад. Ин дар ҳолест, ки нуфузи Юсуф Раҳмон дар солҳои охир рӯ ба афзоиш буд ва аввали соли 2020 ӯ аз нав бо пешниҳоди раисиҷумҳур Додситони кулли Тоҷикистон таъйин гашт. Вай аз соли 2015 дар ин вазифа кор мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG