Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии мизбонон дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо Tokyo Grand Slam 2022


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мусобиқаи байналмилалии ҷудо аз силсилаи ҷаҳонии IJF (Федератсияи байналмилалии ҷудо) Tokyo Grand Slam 2022, ки рӯзҳои 3-4-уми декабр дар пойтахти Ҷопон шаҳри Токио баргузор шуд, бо пирӯзии мунтахаби Ҷопон ба анҷом расид.

Варзишгарони Ҷопон 39 медал (12 нишони тило, 12 нуқра ва 15 биринҷӣ) ба даст оварданд. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 1 медали тило ва 2 биринҷӣ мақоми дуюмро соҳиб шуд. Мунтахаби Италия бо касби як медали тило сеюм шуд.

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо хабар додааст, Tokyo Grand Slam 2022 бо ширкати 346 варзишгар (201 мард ва 145 зан) аз 59 кишвари панҷ қитъаи олам тӯли ду рӯз идома кард.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон се варзишгар дохил буд. Дар рӯзи аввали мусобиқа – 3-юми декабр - ду паҳлавони тоҷик – Муҳаммадраҳим Сарахонов ва Сомон Маҳмадбеков рақобат карда, бе медал монданд.

Муҳаммадраҳим Сарахонови 23-сола дар рақобатҳо дар вазни то 73 кило дар даври аввал Андрев Муннингси 24-соларо аз Баҳамас шикаст дод, вале дар даври дуюм аз Кен Ойошии 24-солаи ҷопонӣ мағлуб шуд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Дар вазни то 73 кило Соиши Ҳашимотои 31-сола, ки дар даври ниҳоӣ бар ҳамватанаш Ҳайато Когои 25-сола ғолиб омад, бо медали тило сарфароз шуд.

Сомон Маҳмадбекови 23-сола бошад, дар вазни то 81 кило дар даври аввал озод буд. Ӯ дар даври дуюм ба намояндаи Бразилия Гуилҳерме Счимидти 22-сола дастболо шуд. Вале Сомон дар даври сеюм аз гуштигири 28-солаи ҷопонӣ Кеня Коҳара ноком гардид ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медал бенасиб монд.

Дар ин вазн Кеня Коҳараи ҷопонӣ дар финал ҳамватанаш Таканори Нагасеи 29-соларо мағлуб карда, соҳиби медали тило шуд.

Дар рӯзи дуюми мусобиқа - 4-уми декабр - паҳлавони ҷавони тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ низ ба нокомӣ мувоҷеҳ шуд. Эмомалии 20-сола, ки дар вазни то 66 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз гуштигири 18-солаи ҷопонӣ Шинсеи Ҳаттори шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Ҳаттори, ки баъдан ба финал роҳ ёфт, барои медали тило бо ҳамдиёри худ Ҷоширо Маруямаи 29-солаи ҷопонӣ вориди рақобат шуд. Маруямаи пуртаҷриба ба рақиби ҷавонаш ғалаба карда, медали тило гирифт.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ занон дар ҳафт вазн (-48, -52, -57, -63, -70,-78,+78 кг) ва мардон низ дар ҳафт вазн (-60, -66, -73, -81, -90, -100, +100 кг) мубориза бурданд.

Ба ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ ба ҷуз аз медал тӯҳфаҳои молӣ супурда шуд: барои ҷойи 1-ум 5000 евро, барои ҷойи 2-юм 3000 евро ва барои ҷойҳои 3-юм 1500-евроӣ.

Ҳамчунин, варзишгароне, ки дар мусобиқаи мазкур зинаҳои фахриро касб карданд, соҳиби имтиёзҳои олимпӣ шуданд. Гуштигироне, ки медали тило ба даст оварданд 1000 имтиёз, медали нуқра - 700 имтиёз ва медали биринҷӣ 500 имтиёз гирифтанд. Онҳое, ки ҷойҳои 5-ум ва 7-умро касб карданд, мутаносибан соҳиби 360 ва 260 имтиёз шуданд.

XS
SM
MD
LG