Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёвари Зеленский гуфт, беш аз 13 ҳазор сарбози Украина кушта шудааст


Муқобилияти артиши Украина дар Херсон
Муқобилияти артиши Украина дар Херсон

Яке аз дастёрони раиси ҷумҳури Украина, Владимир Зеленский, гуфт, аз оғози ҳамлаи Русия ба ин кишвар то кунун бештар аз 13 ҳазор сарбози украинӣ кушта шудаанд.

Михайло Подоляк рӯзи 1-уми декабр ба Шабакаи телевизионии 24 гуфт, ки бар асоси омори расмие, ки аз ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба даст овардаанд, дар ҷанг бо Русия дар кишвар то ҳол аз 10 то 13 ҳазор сарбоз талаф ёфтаанд.

Ёвари раиси ҷумҳур гуфт, замоне, ки фурсати муносиб расид, худи Владимир Зеленский омори расмиро эълон мекунад.

Гуфтаҳои Подолякро ҳануз артиши Украина тасдиқ накардааст.

Владимир Зеленский моҳи июн гуфт, Украина дар набардҳо бо нерӯҳои Русия, рӯзона аз 60 то 100 сарбоз кушта ва 500 тани дигар маҷруҳ мешаванд. Айни замон ҷангҳои сахт байни нерӯҳои Украина ва Русия дар шарқи Киев идома дорад.

Русия дар моҳи сентябр гуфта буд, ки дар ҷанг бо Украина 5,937 сарбозу афсар кушта шудаанд.

Ба оморҳое, ки аз ҷониби мақомоти Русия ва Украина дар бораи талафоташон дар ҷанг пешниҳод мешавад, коршиносон бо шубҳа менигаранд.

XS
SM
MD
LG