Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон пахши барномаҳои Радиои Озодиро манъ карданд


Ду марди афғонистонӣ радио гуш мекунанд. Акс аз соли 2015
Ду марди афғонистонӣ радио гуш мекунанд. Акс аз соли 2015

Ҳукумати Толибон дар Афғонистон аз рӯзи 1-уми декабр пахши барномаҳои Радиои Озодиро дар мавҷҳои AM ва FM қатъ кардааст.

Бахши дарӣ ва паштуии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 24 соат дар Афғонистон барномаи радиоӣ пахш мекунад.

Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар вокуниш ба амалкарди Толибон гуфт, шеваи кори ин расона тағйир нахоҳад кард ва бо ҳар василаи мумкин ба мардуми Афғонистон хабари дуруст расонида хоҳад шуд.

Ӯ гуфт, “Озодӣ як роҳи наҷот барои даҳҳо миллион афғонҳост, ки тасмими Толибон зиндагии онҳоро фоҷебортар мекунад.”

Дар хабарномаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфта мешавад, ки Радиои Озодӣ дар Афғонистон ҳамарӯза дар бораи ҳуқуқи занон ба кору таҳсил, мубориза бо тундгароӣ, зиндагии ҷавонон ва ҷамъияти ҳамҷинсгароён гузориш таҳия мекунад.

“Озодӣ ҳамчунин ба афғонистониҳо барномаҳо дар бораи солимӣ, ҳаққи таҳсили духтарон, фасодкории мақомдорон, афроди нотавон ва умедвориҳо ба оянда гузориш таҳия кардааст”,--гуфта мешавад дар хабарнома.

Радиои Озодӣ дар як соли гузашта, бо вуҷуди баста шудани дафтараш дар Кобул ва хориҷ шудани хабарнигоронаш аз Афғонистон корро давом дод.

Толибон моҳи августи соли гузашта Афғонистонро тасарруф карданд. Ҳукумати ин гурӯҳро то кунун ҳеч кишваре ба расмият нашинохтааст.

XS
SM
MD
LG