Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркише дар сафорати Украина дар Мадрид як нафарро маҷрӯҳ кард


Ходимони полиси Испания дар назди сафорати Украина дар Мадрид. 30 ноябри соли 2022
Ходимони полиси Испания дар назди сафорати Украина дар Мадрид. 30 ноябри соли 2022

Дар таркише дар бинои сафорати Украина дар Мадрид як корманди он маҷрӯҳ шуд. Олеҳ Николенко, як намояндаи сафорат дар саҳифааш дар Фейсбук рӯзи 30 ноябр навишт, таркиш замоне рух дод, ки мудири бинои сафорат хост як номаеро, ки ба унвонии сафорат расидааст, бисанҷад. Дар ин таркиш ӯ ҷароҳатҳои сабук бардоштааст. Вазири умури хориҷии Украина Дмитро Кулеба аз ҳамкори испаниаш хост, ки ин ҳолатро мӯшикофона таҳқиқ кунад ва аз сафоратҳои Украина дар хориҷа тақозо хост, ки тадбирҳои амниятии сафоратхонаҳоро шадидтар кунанд.

XS
SM
MD
LG