Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Le Figaro: Тоқаев бо Макрон дар бораи парвандаи Аблязов гуфтугӯ мекунад


Нашрияи фаронсавии Le Figaro менависад, президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар дидор бо ҳамтои фаронсавиаш Эммануэл Макрон дар бораи Мухтор Аблязов, бонкдори пешини қазоқистонь, ки ҳоло дар Фаронса зиндагӣ дорад, суҳбат хоҳанд кард.

"Миёни Фаронсаву Қазоқистон парвандаи печидае қарор дорад, ки дар меҳвари дидори қарибулвуқуи Эммануэл Макрон ва Қосимҷомарт Тоқаев хоҳад буд. Ин парвандаи сарватманд Мухтор Аблязов аст, ки ҳоло дар Фаронса паноҳандагии сиёсӣ дорад", - омадааст дар мақолаи Le Figaro.

Нашрия дар бораи Аблязов иттилои густардае дода, аз ҷумла, навиштааст, ки мақомоти Қазоқистон ӯро дар "азхудсозии бештар аз 7 млрд доллар айбдор мекунанд".

Нашрияи ҳамчунин зикр кардааст, ки мақомоти Қазоқистон борҳо талош карданд, ӯро истирдод кунанд. Аблязов соли 2009 аз Қазоқистон фирор кард.

Аблязов айбҳои эъломшударо рад ва онҳоро дорои ангезаи сиёсӣ меномад. Аблязов ҳаракати "Интихоби демократии Қазоқистон"-ро таъсис дод, ки дар Қазоқистон ин ҳаракат тундгароёна эътироф шудааст. Ҷонибдорони Аблязов дар Қазоқистон таъқиб мешаванд.

XS
SM
MD
LG