Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳукумати фарогир" меҳвари "Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот" дар Душанбе


Имрӯз, сешанбеи 29-уми ноябр, дар шаҳри Душанбе даҳумин нишасти "Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот" зери унвони "Низоми сиёсии фарогир дар Афғонистон: усулҳо, моделҳо ва қадамҳо" оғоз мешавад. Ҳамоиш бори аввал дар берун аз Афғонистон доир мешавад.

Қарор аст, дар нишасти дурӯза 120 намояндаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар бораи вазъияти амниятии Афғонистон ва минтақа ташкили ҳукумати фарогир ва вазъияти ҳуқуқи башар дар Афғонистон суҳбат кунанд. Чеҳраҳои сиёсӣ ва намояндагони кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Амрико ва Иттиҳоди Аврупо дар ин нишаст ширкат хоҳанд кард.

Институти мутолеоти стратегии Афғонистон мегӯяд, дар нишасти дурӯза дар бораи роҳҳои расидан ба як ҳукумати фарогир дар Афғонистон гуфтугӯ мешавад.

Пеш аз тасаллути Толибон бар Афғонистон ҳамоиши "Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот" ҳамасола дар дохили он кишвар доир мешуд.

Билол Каримӣ, муовини сухангӯи ҳукумати Толибон дар вокуниш ба баргузории ин нишаст гуфтааст, ҳар нишасте, ки ба фоидаи Афғонистон бошад, "хуб аст". Зоҳиран намояндагони ҳукумати Толибон дар ин ҳамоиш иштирок надоранд.

Пеш аз ин Муҳсин Довар, як узви порлумони Покистон дар "Твиттер" навишт, ки Исломобод монеи сафари ӯ ба Тоҷикистон шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ТВ "Afghanistan International" бо такя ба манбаъҳои худ хабар додааст, ки Муҳаммад Исмоилхон, аз раҳбарони шинохтаи афғон, ки дар Эрон ба сар мебарад, иҷозат наёфтаааст, ки дар ҳамоиши "Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот" дар шаҳри Душанбе иштирок кунад.

Ба гуфтаи манбаъҳои ин расона, Исмоилхон ба нишаст даъват шуда буд, аммо зоҳиран Сипоҳи посдорони Эрон монеи иштироки ӯ дар ин нишаст шудааст. Худи Исмоилхон ва ё манбаъҳои дигар то кунун ин хабарро рад ё тасдиқ накардаанд. Ҷониби Эрон ҳам дар ин бора ибрози назар накардааст.

Толибон дар моҳи августи соли 2021 пас аз фирори Ашраф Ғанӣ вориди Кобул шуданд ва қудратро ба даст гирифтанд. То кунун ҳеч кишвари ҷаҳон ҳукумати зери раҳбарии Толибонро ба расмият нашинохтааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ Толибонро барои нақзи ҳуқуқи занон, ақаллиятҳо, маҳдудияти расонаҳо ва кушторҳо дар Панҷшер борҳо интиқод кардааст.

XS
SM
MD
LG