Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ҷаҳонии футбол: Бразилия ва Португалия пешакӣ ба 1/8 финал роҳ ёфтанд


28-уми ноябр, дар рӯзи нӯҳуми Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар, чаҳор бозии даври дуюм дар гурӯҳҳои G ва H доир гардид.

Баъди натиҷагирии бозиҳои даври дуюм дар ин гурӯҳҳо дастаҳои мунтахаби Бразилия ва Португалия ба марҳилаи дуюми мусобиқот – даври ҳаштякниҳоӣ - роҳ ёфтанд.

Натиҷаҳои чаҳор бозии даври дуюм дар гурӯҳҳои G ва H:

Гурӯҳи G

Камерун Сербия – 3:3 (1:2)

Голҳо: 1:0 – Кастеллетто (29), 1:1 – Павлович (45), 1:2 – Милинкович-Савич (45), 1:3 – Митрович (53), 2:3 – Абубақар (63), 3:3 – Шупо-Мотинг (66).

Ал-Вақра, варзишгоҳи «Ал-Ҷануб»

Бразилия Швейтсария – 1:0 (0:0)

Гол: 1:0 – Каземиро (83).

Давҳа, варзишгоҳи «974»

Гурӯҳи H

Кореяи Ҷанубӣ Ғана – 2:3 (0:2)

Голҳо: 0:1 – Салису (24), 0:2 – Қуддус (34), 1:2 – Чжо Гю Сон (58), 2:2 – Чжо Гю Сон (61), 2:3 – Қуддус (68).

Ар-Райён, варзишгоҳи «Эдюкейшн Сити»

Португалия Уругвай – 2:0 (0:0)

Голҳо: 1:0 – Бруну Фернандеш (54), 2:0 – Бруну Фернандеш (90, пеналти).

Лусаил, варзишгоҳи «Лузаил Айконик»

Дар гурӯҳи G Бразилия бо касби 6 имтиёз дар ҷойи аввал аст ва пешакӣ ба даври плей-офф роҳ пайдо кард. Швейтсария (3 имтиёз) дар ҷойи дуюм қарор дорад. Камерун ва Сербия, ки якимтиёзӣ гирифтаанд, мутаносибан ҷойҳои сеюму чаҳорумро ишғол мекунанд.

Дар гурӯҳи Н мунтахаби Португалия бо касби 6 имтиёз пешсаф аст. Дастаи Криштиану Роналду низ пешакӣ ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт. Ғана (3 имтиёз) мақоми дуюмро соҳиб шудааст. Кореяи Ҷанубӣ ва Уругвай бо касби якимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои сеюму чаҳорумро азони худ кардаанд.

Ба ин тартиб, дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар то ҳоло аз 64 бозӣ нисфаш, яъне 32-тоаш, баргузор шуд. 23 бозӣ бо пирӯзии яке аз дастаҳо хотима ёфт, 9 бозӣ бо ҳисоби мусовӣ ё баробар ба анҷом расид. Ҳамагӣ 81 гол зада шуд. То ҳоло ҳисоби рекордӣ дар бозии дастаҳои Испания ва Коста-Рика мушоҳида гардидааст – 7:0 ба фоидаи Испания.

Имрӯз, 29-уми ноябр, чаҳор бозии даври сеюм дар гурӯҳҳои А ва В баргузор мешавад:

Гурӯҳи A. Эквадор – Сенегал − 20:00

Гурӯҳи A. Нидерланд – Қатар − 20:00

Гурӯҳи B. Эрон – ИМА − 00:00

Гурӯҳи B. Уэлс – Англия − 00:00

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2022 дар Қатар, ки 20-уми ноябр шуруъ шуд, то рӯзи 18-уми декабр идома хоҳад кард. Бозиҳо дар ҳашт варзишгоҳи панҷ шаҳри Қатар сурат гирифтааст.

Дар марҳилаи гурӯҳӣ 32 дастаи мунтахаб, ки ба 8 гурӯҳи чордастаӣ тақсим шудааст, барои роҳ ёфтан ба даври плей-офф мубориза мебарад. Марҳилаи гурӯҳӣ 2-юми декабр ба анҷом мерасад. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд, ба даври ҳаштякниҳоӣ (3-6-уми декабр) роҳ меёбанд.

То ҳоло се дастаи мунтахаб – Фаронса, Бразилия ва Португалия - ба плей-офф баромадаанд.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар

Таркиби гурӯҳҳо:

гурӯҳи А – Қатар, Эквадор, Сенегал, Нидерланд;

гурӯҳи В – Англия, Эрон, ИМА (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), Уэлс;

гурӯҳи С – Аргентина, Арабистони Саудӣ, Мексика, Лаҳистон (Полша);

гурӯҳи D – Фаронса, Австралия, Дания, Тунис;

гурӯҳи Е – Испания, Коста-Рика, Олмон, Ҷопон;

гурӯҳи F – Белгия, Канада, Марокаш, Хорватия;

гурӯҳи G – Бразилия, Сербия, Швейтсария, Камерун;

гурӯҳи H - Португалия, Ғана, Уругвай, Кореяи Ҷанубӣ.

Ҷадвали баргузории бозиҳо (ба вақти Душанбе):

Марҳилаи гурӯҳӣ

20 ноябр, якшанбе

Гурӯҳи А. Қатар Эквадор 0:2

21 ноябр, душанбе

Гурӯҳи B. Англия – Эрон – 6:2

Гурӯҳи A. Сенегал – Нидерланд – 0:2

Гурӯҳи B. ИМА– Уэлс – 1:1

22 ноябр, сешанбе

Гурӯҳи C. Аргентина – Арабистони Саудӣ – 1:2

Гурӯҳи D. Дания – Тунис – 0:0

Гурӯҳи C. Мексика – Лаҳистон 0:0

Гурӯҳи D. Фаронса – Австралия – 4:1

23 ноябр, чоршанбе

Гурӯҳи F. Марокаш – Хорватия – 0:0

Гурӯҳи E. Олмон – Ҷопон 1:2

Гурӯҳи E. Испания – Коста-Рика – 7:0

Гурӯҳи F. Белгия – Канада – 1:0

24 ноябр, панҷшанбе

Гурӯҳи G. Швейтсария – Камерун − 1:0

Гурӯҳи H. Уругвай –Кореяи Ҷанубӣ 0:0

Гурӯҳи H. Португалия – Ғана − 3:2

Гурӯҳи G. Бразилия – Сербия − 2:0

25 ноябр, ҷумъа

Гурӯҳи B. Уэлс – Эрон – 0:2

Гурӯҳи А. Қатар Сенегал 1:3

Гурӯҳи A. Нидерланд – Эквадор − 1:1

Гурӯҳи B. Англия – ИМА − 0:0

26 ноябр, шанбе

Гурӯҳи D. Тунис – Австралия – 0:1

Гурӯҳи С. Лаҳистон Арабистони Саудӣ – 2:0

Гурӯҳи D. Фаронса– Дания − 2:1

Гурӯҳи C. Аргентина – Мексика − 2:0

27 ноябр, якшанбе

Гурӯҳи E. Ҷопон Коста-Рика – 0:1

Гурӯҳи F. Белгия – Марокаш – 0:2

Гурӯҳи F. Хорватия – Канада – 4:1

Гурӯҳи E. Испания – Олмон – 1:1

28 ноябр, душанбе

Гурӯҳи G. Камерун – Сербия − 3:3

Гурӯҳи H. Кореяи Ҷанубӣ – Ғана − 2:3

Гурӯҳи G. Бразилия – Швейтсария – 1:0

Гурӯҳи H. Португалия – Уругвай – 2:0

29 ноябр, сешанбе

Гурӯҳи A. Эквадор – Сенегал − 20:00

Гурӯҳи A. Нидерланд – Қатар 20:00

Гурӯҳи B. Эрон – ИМА − 00:00

Гурӯҳи B. Уэлс – Англия − 00:00

30 ноябр, чоршанбе

Гурӯҳи D. Австралия – Дания − 20:00

Гурӯҳи D. Тунис – Фаронса − 20:00

Гурӯҳи C. Арабистони Саудӣ – Мексика − 00:00

Гурӯҳи C. Лаҳистон– Аргентина 00:00

1 декабр, панҷшанбе

Гурӯҳи F. Канада – Марокаш− 20:00

Гурӯҳи F. Хорватия – Белгия − 20:00

Гурӯҳи E. Коста-Рика – Олмон− 00:00

Гурӯҳи E. Ҷопон Испания 00:00

2 декабр, ҷумъа

Гурӯҳи H. Ғана – Уругвай − 20:00

Гурӯҳи H. Кореяи Ҷанубӣ Португалия 20:00

Гурӯҳи G. Сербия – Швейтсария − 00:00

Гурӯҳи G. Камерун – Бразилия − 00:00

1/8 финал

3–6 декабр

1/4 финал

9–10 декабр

1/2 финал

13–14 декабр

Бозӣ барои ҷои 3-юм:

17 декабр

Финал

18 декабр

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG