Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин хоҳони эътилофи Русия, Қазоқистон ва Узбекистон шуд


Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 28-уми ноябр дар мулоқот бо сарвазири Русия Михаил Мишустин гуфт, ки президенти Русия Владимир Путин ба вай пешниҳод кардааст, эътилофи сеҷонибаи Русия, Қазоқистон ва Узбекистон таъсис ва масоили бахши газ ҳал шавад.

"Имрӯз бо Владимир Владимирович дар бораи он суҳбат кардем, ки як навъе эътилофи сеҷониба зарур аст ва вай тасмим дорад, ба президенти Узбекистон занг занад. Мо ҳам бояд вориди ин мавзуъ шавем то ин, ки ба натиҷаҳои мусбат ва созиш расем. Чаро не", - гуфт Тоқаев.

Вай афзуд, дар доираи ин эътилоф масоили бахши газ баррасӣ хоҳанд шуд.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев бо сафари расмӣ вориди Русия шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG