Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ҷаҳонии футбол: Пирӯзии Коста-Рика, Марокаш ва Хорватия, мусовии Испания бо Олмон


Дастаи Марокаш мунтахаби Белгияро шикаст дод.
Дастаи Марокаш мунтахаби Белгияро шикаст дод.

27-уми ноябр, дар рӯзи ҳаштуми Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар, чаҳор бозии даври дуюм дар гурӯҳҳои E ва F доир гардид.

Аз рӯи натиҷагирии бозиҳои рӯзи якшанбе дастаи навбатӣ муайян шуд, ки имкони ба плей-офф баромаданро аз даст дод. Се даста якбора имкон доштанд, ки масъалаи ба марҳилаи ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфтанро пешакӣ ҳал кунанд, аммо то ҳоло танҳо мунтахаби Фаронса ин корро кардааст.

Дар байни дастаҳои гурӯҳи Е мунтахаби Ҷопон метавонист аввалин шуда ба плей-офф роҳ ёбад. Барои ин ба ӯ кофӣ буд, ки дастаи Коста-Рикаро мағлуб кунад. Ва интизории пирӯзӣ ба шикаст табдил ёфт. Ҷопониҳо, ки дар ин бозӣ бартарии зиёд доштанд, бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуданд.

Баъдан бохти ғайричашмдошти мунтахаби Белгия рух дод. Барандагони медалҳои биринҷии Ҷомии ҷаҳонии қаблӣ аз дастаи Марокаш бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрданд.

Дарҳол пас аз ин мунтахаби Хорватия, барандаи медалҳои нуқраи Ҷоми ҷаҳонӣ-2018, дастаи Канадаро голборон кард (4:1). Канадагиҳо баъди ин бохт шонси роҳ ёфтан ба плей-оффро аз даст доданд.

Бозии асосии рӯзи истироҳат байни дастаҳои мунтахаби Испания ва Олмон сурат гирифт. Мубориза миёни ин ду даста ҳар марҳилаи мусобиқаро то даври ниҳоӣ зеб медод. Аммо ҳоло онҳо дар гурӯҳ мубориза бурданд. Бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт.

Натиҷаҳои чаҳор бозии даври дуюм дар гурӯҳҳои E ва F:

Гурӯҳи E

Ҷопон - Коста-Рика - 0:1 (0:0)

Гол: 0:1 – Фуллер (81).

Ар-Райён, варзишгоҳи «Аҳмад бин Алӣ»Эль-Хаур, стадион «Аль-Байт»

Испания – Олмон - 1:1 (0:0)

Голҳо: 1:0 – Мората (62), 1:1 – Фюллькруг (83).

Ал-Ҳавр, варзишгоҳи «Ал-Байт»

Гурӯҳи F

Белгия – Марокаш - 0:2 (0:0)

Голҳо: 0:1 – Саисс (73), 0:2 – Абухаёл (90).

Давҳа, варзишгоҳи «Ал-Тумама»

Хорватия - Канада 4:1 (2:1)

Голҳо: 0:1 – Дэвис (2), 1:1 – Крамарич (36), 2:1 – Ливая (44), 3:1 – Крамарич (70), 4:1 – Маер (90).

Давҳа, варзишгоҳи «Халифа»

Испания дар гурӯҳи Е пешсафи ягона аст. Шогирдони Луис Энрике чаҳор имтиёз гирифтаанд. Ҷопон бо касби се имтиёз дар ҷойи дуюм монд. Коста-Рика (3 имтиёз) тавонист ба зинаи сеюм барояд. Олмон бо касби 1 имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум ҷойгир шудааст.

Дар гурӯҳи F мунтахаби Хорватия, ки чаҳор имтиёз гирифтааст, пешсаф мебошад. Дастаи Марокаш низ чаҳор имтиёз дорад ва бо дарназардошти шумораи голҳои задашуда дар ҷойи дуюм аст. Мунтахаби Белгия бо касби се имтиёз ҷойи сеюмро соҳиб шудааст. Мунтахаби Канада, ки бидуни имтиёз дар ҷойи охирин қарор дорад, шонси ба плей-оффи мусобиқот баромаданро аз даст дод.

Ба ин тартиб, дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар то ҳоло аз 64 бозӣ 28-тоаш баргузор шуд. 20 бозӣ бо пирӯзии яке аз дастаҳо хотима ёфт, 8 бозӣ бо ҳисоби мусовӣ ё баробар ба анҷом расид. Ҳамагӣ 67 гол зада шуд. То ҳоло ҳисоби рекордӣ дар бозии дастаҳои Испания ва Коста-Рика мушоҳида гардидааст – 7:0 ба фоидаи Испания.

Имрӯз, 28-уми ноябр, чаҳор бозӣ дар гурӯҳҳои G ва H баргузор мешавад:

Гурӯҳи G. Камерун – Сербия − 15:00

Гурӯҳи H. Кореяи Ҷанубӣ – Гана − 18:00

Гурӯҳи G. Бразилия – Швейтсария − 21:00

Гурӯҳи H. Португалия – Уругвай − 00:00

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2022 дар Қатар, ки 20-уми ноябр шуруъ шуд, то рӯзи 18-уми декабр идома хоҳад кард. Бозиҳо дар ҳашт варзишгоҳи панҷ шаҳри Қатар сурат гирифтааст.

Дар марҳилаи гурӯҳӣ 32 дастаи мунтахаб, ки ба 8 гурӯҳи чордастаӣ тақсим шудааст, барои роҳ ёфтан ба даври плей-офф мубориза мебарад. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд, ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ меёбанд.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар

Таркиби гурӯҳҳо:

гурӯҳи А – Қатар, Эквадор, Сенегал, Нидерланд;

гурӯҳи В – Англия, Эрон, ИМА (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), Уэлс;

гурӯҳи С – Аргентина, Арабистони Саудӣ, Мексика, Лаҳистон (Полша);

гурӯҳи D – Фаронса, Австралия, Дания, Тунис;

гурӯҳи Е – Испания, Коста-Рика, Олмон, Ҷопон;

гурӯҳи F – Белгия, Канада, Марокаш, Хорватия;

гурӯҳи G – Бразилия, Сербия, Швейтсария, Камерун;

гурӯҳи H - Португалия, Гана, Уругвай, Кореяи Ҷанубӣ.

Ҷадвали баргузории бозиҳо (ба вақти Душанбе):

Марҳилаи гурӯҳӣ

20 ноябр, якшанбе

Гурӯҳи А. Қатар Эквадор 0:2

21 ноябр, душанбе

Гурӯҳи B. Англия – Эрон – 6:2

Гурӯҳи A. Сенегал – Нидерланд – 0:2

Гурӯҳи B. ИМА– Уэлс – 1:1

22 ноябр, сешанбе

Гурӯҳи C. Аргентина – Арабистони Саудӣ – 1:2

Гурӯҳи D. Дания – Тунис – 0:0

Гурӯҳи C. Мексика – Лаҳистон 0:0

Гурӯҳи D. Фаронса – Австралия – 4:1

23 ноябр, чоршанбе

Гурӯҳи F. Марокаш – Хорватия – 0:0

Гурӯҳи E. Олмон – Ҷопон 1:2

Гурӯҳи E. Испания – Коста-Рика – 7:0

Гурӯҳи F. Белгия – Канада – 1:0

24 ноябр, панҷшанбе

Гурӯҳи G. Швейтсария – Камерун − 1:0

Гурӯҳи H. Уругвай –Кореяи Ҷанубӣ 0:0

Гурӯҳи H. Португалия – Гана − 3:2

Гурӯҳи G. Бразилия – Сербия − 2:0

25 ноябр, ҷумъа

Гурӯҳи B. Уэлс – Эрон – 0:2

Гурӯҳи А. Қатар Сенегал 1:3

Гурӯҳи A. Нидерланд – Эквадор − 1:1

Гурӯҳи B. Англия – ИМА − 0:0

26 ноябр, шанбе

Гурӯҳи D. Тунис – Австралия – 0:1

Гурӯҳи С. Лаҳистон Арабистони Саудӣ – 2:0

Гурӯҳи D. Фаронса– Дания − 2:1

Гурӯҳи C. Аргентина – Мексика − 2:0

27 ноябр, якшанбе

Гурӯҳи E. Ҷопон Коста-Рика – 0:1

Гурӯҳи F. Белгия – Марокаш – 0:2

Гурӯҳи F. Хорватия – Канада – 4:1

Гурӯҳи E. Испания – Олмон – 1:1

28 ноябр, душанбе

Гурӯҳи G. Камерун – Сербия − 15:00

Гурӯҳи H. Кореяи Ҷанубӣ – Гана − 18:00

Гурӯҳи G. Бразилия – Швейтсария − 21:00

Гурӯҳи H. Португалия – Уругвай − 00:00

29 ноябр, сешанбе

Гурӯҳи A. Эквадор – Сенегал − 20:00

Гурӯҳи A. Нидерланд – Қатар 20:00

Гурӯҳи B. Эрон – ИМА − 00:00

Гурӯҳи B. Уэлс – Англия − 00:00

30 ноябр, чоршанбе

Гурӯҳи D. Австралия – Дания − 20:00

Гурӯҳи D. Тунис – Фаронса − 20:00

Гурӯҳи C. Арабистони Саудӣ – Мексика − 00:00

Гурӯҳи C. Лаҳистон– Аргентина 00:00

1 декабр, панҷшанбе

Гурӯҳи F. Канада – Марокаш− 20:00

Гурӯҳи F. Хорватия – Белгия − 20:00

Гурӯҳи E. Коста-Рика – Олмон− 00:00

Гурӯҳи E. Ҷопон Испания 00:00

2 декабр, ҷумъа

Гурӯҳи H. Гана – Уругвай − 20:00

Гурӯҳи H. Кореяи Ҷанубӣ Португалия 20:00

Гурӯҳи G. Сербия – Швейтсария − 00:00

Гурӯҳи G. Камерун – Бразилия − 00:00

1/8 финал

3–6 декабр

1/4 финал

9–10 декабр

1/2 финал

13–14 декабр

Бозӣ барои ҷои 3-юм:

17 декабр

18 декабр

Финал

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG