Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили мардумии Покистонро нагузоштанд ба Тоҷикистон биравад


Муҳсин Довар гуфтаас, роҳ надодани ба ҳавопаймо ба самти Душанбе "ошуфтакунанда" аст.
Муҳсин Довар гуфтаас, роҳ надодани ба ҳавопаймо ба самти Душанбе "ошуфтакунанда" аст.

Мақомоти Покистон ба як вакили мардумии ин кишвар иҷоза надодаанд, барои ширкат дар як ҳамоиши амниятӣ дар бораи Афғонистон ба Душанбе сафар кунад.

Муҳсин Довар, раҳбари Ҳаракати Таҳафузи Паштунҳо дар Покистон рӯзи 27-уми ноябр дар саҳифааш дар Твиттер навиштааст, маъмурони амниятӣ ӯро дар фурудгоҳи Исломобод нигаҳ дошта ва иҷоза надодаанд, барои ширкат дар конфронси Муколамаи Амниятии Ҳирот ба Тоҷикистон биравад. Ба қавли Муҳсин Довар, ӯ ҳақу иҷозаи сафар ба хориҷро аз ҳукумат доштааст ва роҳ надодани ӯ ба ҳавопаймо “ошуфтакунанда” аст.

Дар як ишораи нозуке ба артиши қудратманди Покистон Муҳсин Довар гуфтааст, рафтори мақомоти интизомӣ нишон дод, “ки як афсар назар ба ҳукумати Покистон салоҳияти бештар дорад.”

Конфронси “Ҳамоиши Амниятии Ҳирот”, рӯзҳои 29-30-уми ноябр бо ташаббуси Пажуҳишгоҳи Масоили Стротегии Афғонистон дар Душанбе сурат мегирад ва дар ҷараёни он роҳҳои хатми низоъ дар Афғонистон баррасӣ мешавад. Баргузоркунандагонаш гуфтаанд, ки дар ҳамоиш намояндагони Афғонистону кишварҳои минтақа ширкат меварзанд.

XS
SM
MD
LG