Русияву Украина аз табодули нави асирон хабар доданд. Ба гуфтаи ду тараф, онҳо 12 асири украинӣ ва 9 сарбози русро бо ҳам иваз кардаанд.
Андрей Йермак, раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Украина рӯзи 26-уми ноябр дар Твиттер навишт: “Ба мо муяссар шуд, 12 украиниро раҳо кунем. Сарбозони мо, ки Мариупол, неругоҳи атомии Чернобил ва Ҷазираи Морро муҳофизат мекарданд, ба хона бармегарданд.”
Вазорати дифои Русия гуфт, дар “натиҷаи музокирот” Украина 9 асири ҷангии Русияро озод кардааст.