Қарордоди ҳамкории ҳамлагар Криштиану Роналду бо бошгоҳи футболи "Манчестер Юнайтед"-и Англия қатъ шуд. Дар ин бора сомонаи расмии ин бошгоҳ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, шартномаи ҳамкорӣ бо розигии тарафайн қатъ шудааст. Роҳбарияти бошгоҳ ба Роналду барои ҳамкорӣ ва саҳми бузургаш дар комёбиҳои даста изҳори сипос кардааст.
Сабаби ҷудо шудани Роналдо аз "Манчестер Юнайтед" ба таври расмӣ шарҳ дода нашудааст. Аммо бархе расонаҳо аз ихтилофи ӯ бо сармураббии ин даста навишта буданд.
Криштиану Роналду, ҳамлагари дастаи мунтахаби миллии Португалия, баъди қатъ шудани шартномааш бо "Манчестер Юнайтед" гуфтааст, “имрӯз, 22-юми ноябр, дафтари матбуоти бошгоҳи “МЮ” хабар дод, ки ҷонибҳо ба созиш расидаанд ва ҳамкориро қатъ кардаанд. Ман ҳамеша “Манчестер Юнайтед” ва мухлисонро дӯст медорам, ки ин ҳеҷ гоҳ тағйир намеёбад. Чунин ба назар мерасад, ки вақти ҷустуҷӯи дастаи нав расидааст. Ман ба “Манчестер Юнайтед” барори кор орзу менамоям.”
Зимнан, Роналду дар ҳайати бошгоҳи “Манчестер Юнайтед” 346 бозӣ карда, 145 гол задааст. Вай ҳамроҳи бошгоҳ се бор қаҳрамони Премйер-Лигаи Англия ва як маротиба ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо гардидааст.
Феълан дастаи нави Роналду маълум нест. Гуфта мешавад, ки пас аз Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар, ки 18-уми декабр ба поён мерасад, футболбози португалӣ ба худ дастаи нав пайдо менамояд, ки он бояд дар Лигаи қаҳрамонҳо бозӣ кунад.
Гуфтугӯ