Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ҷаҳонии футбол: Арабистони Саудӣ Аргентинаро шикаст дод


Рӯзи сеюми Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар 22-юми ноябр - бо бозии гурӯҳи С миёни дастаҳои мунтахаби миллии Аргентина ва Арабистони Саудӣ шуруъ шуд. Ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи «Лусаил Айконик»-и шаҳри Лусаил доир гардид, бо пирӯзии саудиҳо бо ҳисоби 2:1 ба поён расид.

Ҳисоби бозӣ дар дақиқаи даҳум кушода шуд. Тӯбро аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ капитани аргентиниҳо, ҳамлагар Лионел Месси ба нишон расонд.

Дар нимаи аввали дидор бозигарони мунтахаби Аргентина боз чандин бор тӯбро ба дарвозаи футболбозони араб ворид карданд, вале гол ҳисобида нашуд, зеро ки дар ин маврид ҳолати офсайд ё нобозӣ ба қайд гирифта шуд.

Нимаи дуюми бозӣ бо ҳуҷумҳои паиҳами мунтахаби Арабистони Саудӣ оғоз ёфт. Ал-Шеҳрӣ Солеҳ дар дақиқаи 49-ум ҳисобро баробар кард. Баъди чаҳор дақиқа голи дуюми арабҳоро Ал-Доссарӣ Салим зада, дастаашро пеш баровард – 2:1. Ин ҳисоб то охири бозӣ тағйир наёфт.

Зимнан, дар ҷараёни бозӣ сардовар ба шаш бозигари саудиҳо корти зард нишон дод.

Бояд гуфт, ки бори аввал мунтахаби Аргентина аз тими Арабистони Саудӣ шикаст хурд. Ин бохти аргентиниҳо, ки яке аз тимҳо барои қаҳрамонии ин давраи Ҷоми ҷаҳонӣ ҳисобида мешавад, барои коршиносон ва мухлисон ғайримунтазира буд. Ҳарчанд дар нимаи аввали дидор онҳо хуб ҳунарнамоӣ карда, мухлисонашонро ба пирӯзӣ умедвор карда буданд.

Аммо дар нимаи дувум бозӣ ранги дигар гирифт ва мунтахаби Арабистони Саудӣ дар муддати 4 дақиқа ду гол вориди дарвозаи аргентиниҳо кард. Ин амр то андозае руҳияи бозигарони Аргентинаро шикаст ва то охири бозӣ онҳо натавонистанд ҳисобро тағйир диҳанд. Ҳамин тавр, яке аз шигифтиҳои Ҷоми ҷаҳонӣ дар мусобиқоти Қатар рақам хурд.

АРГЕНТИНА – АРБАБИСТОНИ САУДӢ – 1:2

Голҳо: Лионел Месси, 10 – аз пеналти (1:0). Ал-Шеҳрӣ Солеҳ, 49 (1:1). Ал-Доссарӣ Салим, 53 (1:2).

Ҳайатҳои дастаҳо:

Аргентина: Эмилиано Мартинес, Молина, Кристиан Ромеро (Мартинес Лисандро, 59), Николас Отаменди, Николас Таляфико (Акуня Маркос, 71), Родриго Де Паул, Леандро Паредес (59), Алехандро Гомес (Алварес Хулиан, 59), Лионел Месси, Анхел Ди Мария, Лаутаро Мартинес.

Сармураббӣ – Лионел Скалони

Арабистони Саудӣ: Ал-Овайс Муҳаммад, Абдулҳамид Сауд, Ал-Тамбактӣ Ҳасан, Алӣ Абдулайӣ, Ёссир Ал-Шаҳронӣ (Ал-Бурайк Муҳаммад, 90), Ал-Фараҷ Салмон (Ал Обид Наваф, 45, Ал-Амрӣ Абдуллола,) , Канно Муҳаммад, Ал-Малкӣ Абдуллола, 89), Ал-Бураикан Фирас (Асирӣ Ҳаитҳам, 89), Ал-Доссарӣ Салим, Ал-Шеҳрӣ Солеҳ (Ал-Ганам Султон, 78).

Сармураббӣ – Ренар Эрве

Сардовар: Славко Винчич (Словения)

Мунтахаби Аргентина солҳои 1978 ва 1986 ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шудааст. Мунтахаби Арабистони Саудӣ бори шашум дар таърихи худ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ иштирок дорад. Соли 1994 саудиҳо ба ҳаштякфинали қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфта буданд.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2022 дар Қатар, ки 20-уми ноябр шуруъ шуд, то рӯзи 18-уми декабр идома хоҳад кард. Бозиҳо дар ҳашт варзишгоҳи панҷ шаҳри Қатар сурат мегиранд.

Дар марҳилаи гурӯҳӣ 32 дастаи мунтахаб, ки ба 8 гурӯҳи чордастаӣ тақсим шудааст, барои роҳ ёфтан ба даври плей-офф мубориза мебарад. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд, ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ меёбанд.

Таркиби гурӯҳҳо:

гурӯҳи А – Қатар, Эквадор, Сенегал, Нидерланд;

гурӯҳи В – Англия, Эрон, ИМА (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), Уэлс;

гурӯҳи С – Аргентина, Арабистони Саудӣ, Мексика, Лаҳистон (Полша);

гурӯҳи D – Фаронса, Австралия, Дания, Тунис;

гурӯҳи Е – Испания, Коста-Рика, Олмон, Ҷопон;

гурӯҳи F – Белгия, Канада, Марокаш, Хорватия;

гурӯҳи G – Бразилия, Сербия, Швейтсария, Камерун;

гурӯҳи H - Португалия, Гана, Уругвай, Кореяи Ҷанубӣ.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар

Ҷадвали баргузории бозиҳо ба вақти Душанбе:

Марҳилаи гурӯҳӣ

20 ноябр, якшанбе

Гурӯҳи А. Қатар Эквадор 0:2

21 ноябр, душанбе

Гурӯҳи B. Англия – Эрон – 6:2

Гурӯҳи A. Сенегал – Нидерланд – 0:2

Гурӯҳи B. ИМА– Уэлс – 1:1

22 ноябр, сешанбе

Гурӯҳи C. Аргентина – Арабистони Саудӣ – 1:2

Гурӯҳи D. Дания – Тунис − 18:00

Гурӯҳи C. Мексика – Лаҳистон 21:00

Гурӯҳи D. Фаронса – Австралия − 00:00

23 ноябр, чоршанбе

Гурӯҳи F. Марокаш – Хорватия − 15:00

Гурӯҳи E. Олмон – Ҷопон 18:00

Гурӯҳи E. Испания – Коста-Рика − 21:00

Гурӯҳи F. Белгия – Канада − 00:00

24 ноябр, панҷшанбе

Гурӯҳи G. Швейтсария – Камерун − 15:00

Гурӯҳи H. Уругвай –Кореяи Ҷанубӣ 18:00

Гурӯҳи H. Португалия – Гана − 21:00

Гурӯҳи G. Бразилия – Сербия − 00:00

25 ноябр, ҷумъа

Гурӯҳи B. Уэлс – Эрон − 15:00

Гурӯҳи А. Қатар Сенегал 18:00

Гурӯҳи A. Нидерланд – Эквадор − 21:00

Гурӯҳи B. Англия – ИМА − 00:00

26 ноябр, шанбе

Гурӯҳи D. Тунис – Австралия − 15:00

Гурӯҳи С. Лаҳистон Арабистони Саудӣ − 18:00

Гурӯҳи D. Фаронса– Дания − 21:00

Гурӯҳи C. Аргентина – Мексика − 00:00

27 ноябр, якшанбе

Гурӯҳи E. Ҷопон Коста-Рика 15:00

Гурӯҳи F. Белгия – Марокаш − 18:00

Гурӯҳи F. Хорватия – Канада − 21:00

Гурӯҳи E. Испания – Олмон − 00:00

28 ноябр, душанбе

Гурӯҳи G. Камерун – Сербия − 15:00

Гурӯҳи H. Кореяи Ҷанубӣ – Гана − 18:00

Гурӯҳи G. Бразилия – Швейтсария − 21:00

Гурӯҳи H. Португалия – Уругвай − 00:00

29 ноябр, сешанбе

Гурӯҳи A. Эквадор – Сенегал − 20:00

Гурӯҳи A. Нидерланд – Қатар 20:00

Гурӯҳи B. Эрон – ИМА − 00:00

Гурӯҳи B. Уэлс – Англия − 00:00

30 ноябр, чоршанбе

Гурӯҳи D. Австралия – Дания − 20:00

Гурӯҳи D. Тунис – Фаронса − 20:00

Гурӯҳи C. Арабистони Саудӣ – Мексика − 00:00

Гурӯҳи C. Лаҳистон– Аргентина 00:00

1 декабр, панҷшанбе

Гурӯҳи F. Канада – Марокаш− 20:00

Гурӯҳи F. Хорватия – Белгия − 20:00

Гурӯҳи E. Коста-Рика – Олмон− 00:00

Гурӯҳи E. Ҷопон Испания 00:00

2 декабр, ҷумъа

Гурӯҳи H. Гана – Уругвай − 20:00

Гурӯҳи H. Кореяи Ҷанубӣ Португалия 20:00

Гурӯҳи G. Сербия – Швейтсария − 00:00

Гурӯҳи G. Камерун – Бразилия − 00:00

1/8 финал

3–6 декабр

1/4 финал

9–10 декабр

1/2 финал

13–14 декабр

Бозӣ барои ҷои 3-юм:

17 декабр

Финал

18 декабр

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG