Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон мехоҳанд, барои қиморбозҳои хориҷӣ виза набошад


Вазорати иқтисод ва тиҷорати Қирғизистон дар лоиҳаи қонуне пешниҳод кардааст, ба шаҳрвандони хориҷие, ки алоқаманди қиморбозӣ дар ин кишвар ҳастанд, иҷозати иқомати бидуни раводид ва сабтином дода шавад. Тарҳи қонуни пешниҳодӣ дар сомонаи "Koomtalkuu.gov.kg" нашр шудааст.

Ташаббускорони тағйиру илова ба қонунҳо дар бораи муҳоҷирати хориҷӣ ва қиморбозӣ дар Қирғизистон пешниҳод кардаанд, ки ба қиморбозҳои хориҷӣ иқомати бидуни раводид (виза) ба муҳлати то 15 рӯз дар ин кишвар дода шавад.

Инчунин. пешниҳод мешавад, ки барои убури ғайриқонунии марзи минтақаи махсуси қиморбозӣ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз 500 то 1000 нишондиҳандаи ҳисобҳо ё маҳрумшавӣ аз озодӣ бамуҳлати то 2 сол таъйин карда шавад.

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон 30 июни имсол қонунҳоеро имзо кард, ки бозшавии дари қиморхонаҳоро барои хориҷиҳо иҷозат медиҳанд.

Шаҳрвандони Қирғизистон, шаҳрвандони хориҷии то синни 21, инчунин шарҳвандони дорои имкониятҳои маҳдуд иҷоза надоранд, ки ба ҳайси муштарӣ ба қиморхонаҳо ворид шаванд.

Ҳаҷми андоз аз як мизи бозӣ дар соли 2022 750 ҳазор сом ва дар соли 2023 як миллион сомро ташкил хоҳад дод.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG