Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022: Натиҷаҳои бозиҳои рӯзи дуюми мусобиқот


Дар рӯзи дуюми Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар – 21-уми ноябр - се бозӣ дар гурӯҳҳои А ва В баргузор шуд.

Мунтахаби Англия тими Эронро бо ҳисоби бузурги 6:2 шикаст дод. Ин бозии гурӯҳи В дар варзишгоҳи «Халифа Интернейшнл»-и шаҳри Давҳа доир гардид.

Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 3:0 ба нафъи мунтахаби Англия хотима ёфт. Дар нимаи дуюми дидор инглисҳо боз се голи дигар заданд. Эрониҳо бошанд, бо ду гол посух доданд. Ҳарду голи мунтахаби Эронро Меҳдӣ Таремӣ (якеаш аз пеналтӣ) ба нишон расонд.

АНГЛИЯ – ЭРОН – 6:2

Голҳо: Ҷуд Беллингем, 35 (1:0), Букайо Сака, 43 (2:0),

Раҳим Стерлинг, 45+1 (3:0), Букайо Сака, 62 (4:0), Меҳдӣ Таремӣ, 65 (4:1), Маркус Рашфорд, 71 (5:1), Ҷек Грилиш, 90 (6:1).

Меҳдӣ Таремӣ, 90+12 – аз пеналти (6:2).

Сардовари бозӣ: Рафаэл Клаус (Бразилия)

Дар бозии гурӯҳи А миёни дастаҳои мунтахаби Сенегал ва Нидерланд, ки дар варзишгоҳи “Ал-Тумама”-и Давҳа сурат гирифт, ҳолландиҳо бо ҳисоби 2:0 ғолиб омаданд. Ҳарду гол дар охири бозӣ зада шуд. Коди Гакпо дар дақиқаи 84-ум ҳисобро кушод. Голи дуюмро Дави Классен дар замони иловагӣ (90+9) ба самар расонд.

СЕНЕГАЛ – НИЛДЕРЛАНД – 0:2

Голҳо: Коди Гакпо, 84 (0:1), Дави Классен, 90+9 (0:2).

Сардовари бозӣ: Вилтон Сампайо (Бразилия)

Бозии гурӯҳи В миёни дастаҳои мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Уэлс, ки дар варзишгоҳи “Аҳмад бин Алӣ”-и Ал-Райан барпо гардид, бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид. Дар нимаи аввали дидор бозигари ИМА дар дақиқаи 36-ум ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро дар нимаи дувуми дидор Гарет Бэйл дар дақиқаи 82-юм аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метрӣ ба нишон расонд.

ИМА – УЭЛС – 1:1

Голҳо: Тимоти Веа, 36 (1:0), Гарет Бэйл, 82 - аз пеналти (1:1).

Сардовари бозӣ: Ал-Ҷасим Абдулраҳмон (Қатар)

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2022 дар Қатар, ки 20-уми ноябр шуруъ шуд, то рӯзи 18-уми декабр идома хоҳад кард. Бозиҳо дар ҳашт варзишгоҳи панҷ шаҳри Қатар сурат мегиранд.

Дар марҳилаи гурӯҳӣ 32 дастаи мунтахаб, ки ба 8 гурӯҳи чордастаӣ тақсим шудааст, барои роҳ ёфтан ба даври плей-офф мубориза мебарад. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд, ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ меёбанд.

Таркиби гурӯҳҳо:

гурӯҳи А – Қатар, Эквадор, Сенегал, Нидерланд;

гурӯҳи В – Англия, Эрон, ИМА (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), Уэлс;

гурӯҳи С – Аргентина, Арабистони Саудӣ, Мексика, Лаҳистон (Полша);

гурӯҳи D – Фаронса, Австралия, Дания, Тунис;

гурӯҳи Е – Испания, Коста-Рика, Олмон, Ҷопон;

гурӯҳи F – Белгия, Канада, Марокаш, Хорватия;

гурӯҳи G – Бразилия, Сербия, Швейтсария, Камерун;

гурӯҳи H - Португалия, Гана, Уругвай, Кореяи Ҷанубӣ.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар

Ҷадвали баргузории бозиҳо ба вақти Душанбе:

Марҳилаи гурӯҳӣ

20 ноябр, якшанбе

Гурӯҳи А. Қатар Эквадор 0:2

21 ноябр, душанбе

Гурӯҳи B. Англия – Эрон – 6:2

Гурӯҳи A. Сенегал – Нидерланд – 0:2

Гурӯҳи B. ИМА– Уэлс – 1:1

22 ноябр, сешанбе

Гурӯҳи C. Аргентина – Арабистони Саудӣ − 15:00

Гурӯҳи D. Дания – Тунис − 18:00

Гурӯҳи C. Мексика – Лаҳистон 21:00

Гурӯҳи D. Фаронса – Австралия − 00:00

23 ноябр, чоршанбе

Гурӯҳи F. Марокаш – Хорватия − 15:00

Гурӯҳи E. Олмон – Ҷопон 18:00

Гурӯҳи E. Испания – Коста-Рика − 21:00

Гурӯҳи F. Белгия – Канада − 00:00

24 ноябр, панҷшанбе

Гурӯҳи G. Швейтсария – Камерун − 15:00

Гурӯҳи H. Уругвай –Кореяи Ҷанубӣ 18:00

Гурӯҳи H. Португалия – Гана − 21:00

Гурӯҳи G. Бразилия – Сербия − 00:00

25 ноябр, ҷумъа

Гурӯҳи B. Уэлс – Эрон − 15:00

Гурӯҳи А. Қатар Сенегал 18:00

Гурӯҳи A. Нидерланд – Эквадор − 21:00

Гурӯҳи B. Англия – ИМА − 00:00

26 ноябр, шанбе

Гурӯҳи D. Тунис – Австралия − 15:00

Гурӯҳи С. Лаҳистон Арабистони Саудӣ − 18:00

Гурӯҳи D. Фаронса– Дания − 21:00

Гурӯҳи C. Аргентина – Мексика − 00:00

27 ноябр, якшанбе

Гурӯҳи E. Ҷопон Коста-Рика 15:00

Гурӯҳи F. Белгия – Марокаш − 18:00

Гурӯҳи F. Хорватия – Канада − 21:00

Гурӯҳи E. Испания – Олмон − 00:00

28 ноябр, душанбе

Гурӯҳи G. Камерун – Сербия − 15:00

Гурӯҳи H. Кореяи Ҷанубӣ – Гана − 18:00

Гурӯҳи G. Бразилия – Швейтсария − 21:00

Гурӯҳи H. Португалия – Уругвай − 00:00

29 ноябр, сешанбе

Гурӯҳи A. Эквадор – Сенегал − 20:00

Гурӯҳи A. Нидерланд – Қатар 20:00

Гурӯҳи B. Эрон – ИМА − 00:00

Гурӯҳи B. Уэлс – Англия − 00:00

30 ноябр, чоршанбе

Гурӯҳи D. Австралия – Дания − 20:00

Гурӯҳи D. Тунис – Фаронса − 20:00

Гурӯҳи C. Арабистони Саудӣ – Мексика − 00:00

Гурӯҳи C. Лаҳистон– Аргентина 00:00

1 декабр, панҷшанбе

Гурӯҳи F. Канада – Марокаш− 20:00

Гурӯҳи F. Хорватия – Белгия − 20:00

Гурӯҳи E. Коста-Рика – Олмон− 00:00

Гурӯҳи E. Ҷопон Испания 00:00

2 декабр, ҷумъа

Гурӯҳи H. Гана – Уругвай − 20:00

Гурӯҳи H. Кореяи Ҷанубӣ Португалия 20:00

Гурӯҳи G. Сербия – Швейтсария − 00:00

Гурӯҳи G. Камерун – Бразилия − 00:00

1/8 финал

3–6 декабр

1/4 финал

9–10 декабр

1/2 финал

13–14 декабр

Бозӣ барои ҷои 3-юм:

17 декабр

Финал

18 декабр

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG