Дастаи мунтахаби Англия дар дувумин бозии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар тими Эронро ба ҳисоби бузурги 6:2 шикаст дод. Ин бозии гурӯҳи В шоми 21-уми ноябр дар варзишгоҳи «Халифа Интернейшнл»-и шаҳри Давҳа (Доҳа) гузашт.
Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 3:0 ба нафъи мунтахаби Англия хотима ёфт. Дар нимаи дувуми дидор бозигарони Англия боз се голи дигар заданд. Эрониҳо бо ду гол посух доданд. Ҳарду голи мунтахаби Эронро Меҳдӣ Таремӣ (якеаш аз пеналтӣ) ба нишон расонд.
Дар нимаи аввали бозӣ духтурон ба дарвозабони мунтахаби Эрон Алиризо Бейранванд, ки дар яке аз лаҳзаҳо бо ҳимоятгари дастаи худ сар ба сар зад, ёрии фаврии тиббӣ расонданд. Ӯ натавонист, бозиро идома диҳад. Бинобар ин, дар дақиқаи 20-ум иваз шуд. Сардовари бозӣ Рафаэл Клаус аз Бразилия ба нимаи аввал 14 дақиқа илова кард.
АНГЛИЯ – ЭРОН – 6:2
Голҳо: Ҷуд Беллингем, 35 (1:0), Букайо Сака, 43 (2:0),
Раҳим Стерлинг, 45+1 (3:0), Букайо Сака, 62 (4:0), Меҳдӣ Таремӣ, 65 (4:1), Маркус Рашфорд, 71 (5:1), Ҷек Грилиш, 90 (6:1).
Меҳдӣ Таремӣ, 90+12 – аз пеналти (6:2).
Ҳайатҳои дастаҳо:
Мунтахаби Англия: Пикфорд, Триппйер, Стоунз, Магуайр (Дайер, 70), Шоу, Райс, Беллингем, Маунт (Фоден, 71), Сака (Рашфорд, 70), Стерлинг (Грилиш, 70), Кейн (Уилсон, 76). Сармураббӣ – Гарет Саутгейт
Мунтахаби Эрон: Бейранванд (Сайид Ҳусейн, 20), Муҳаррамӣ, Пуралиганҷӣ, Ҳусейнӣ, Муҳаммадӣ (Туробӣ, 63), Нуруллоҳӣ (Озмун, 78), Чашмӣ (Иззатуллоҳӣ, 46), Ҳаҷсафӣ, Ҷаҳонбахш (Каноанӣ, 46), Таремӣ, Каримӣ (Гулизода, 46).
Сармураббӣ – Карлуш Мануэл Брито Леал Кейруш
Сардовари бозӣ: Рафаэл Клаус (Бразилия)
Мусобиқаи қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2022 дар Қатар, ки 20-уми ноябр шуруъ шуд, то рӯзи 18-уми декабр идома хоҳад кард. Бозиҳо дар ҳашт варзишгоҳи панҷ шаҳри Қатар сурат мегиранд.
Дар марҳилаи гурӯҳӣ 32 дастаи мунтахаб, ки ба 8 гурӯҳи чордастаӣ тақсим шудааст, барои роҳ ёфтан ба даври плей-офф мубориза мебарад.
Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд, ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ меёбанд.
Таркиби гурӯҳҳо:
гурӯҳи А – Қатар, Эквадор, Сенегал, Нидерланд;
гурӯҳи В – Англия, Эрон, ИМА (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), Уэлс;
гурӯҳи С – Аргентина, Арабистони Саудӣ, Мексика, Лаҳистон (Полша);
гурӯҳи D – Фаронса, Австралия, Дания, Тунис;
гурӯҳи Е – Испания, Коста-Рика, Олмон, Ҷопон;
гурӯҳи F – Белгия, Канада, Марокаш, Хорватия;
гурӯҳи G – Бразилия, Сербия, Швейтсария, Камерун;
гурӯҳи H - Португалия, Гана, Уругвай, Кореяи Ҷанубӣ.
Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар
Ҷадвали баргузории бозиҳо ба вақти Душанбе:
Марҳилаи гурӯҳӣ
20 ноябр, якшанбе
Гурӯҳи А. Қатар – Эквадор – 0:2
21 ноябр, душанбе
Гурӯҳи B. Англия – Эрон – 6:2
Гурӯҳи A. Сенегал – Нидерланд − 21:00
Гурӯҳи B. ИМА– Уэлс − 00:00
22 ноябр, сешанбе
Гурӯҳи C. Аргентина – Арабистони Саудӣ − 15:00
Гурӯҳи D. Дания – Тунис − 18:00
Гурӯҳи C. Мексика – Лаҳистон − 21:00
Гурӯҳи D. Фаронса – Австралия − 00:00
23 ноябр, чоршанбе
Гурӯҳи F. Марокаш – Хорватия − 15:00
Гурӯҳи E. Олмон – Ҷопон − 18:00
Гурӯҳи E. Испания – Коста-Рика − 21:00
Гурӯҳи F. Белгия – Канада − 00:00
24 ноябр, панҷшанбе
Гурӯҳи G. Швейтсария – Камерун − 15:00
Гурӯҳи H. Уругвай –Кореяи Ҷанубӣ − 18:00
Гурӯҳи H. Португалия – Гана − 21:00
Гурӯҳи G. Бразилия – Сербия − 00:00
25 ноябр, ҷумъа
Гурӯҳи B. Уэлс – Эрон − 15:00
Гурӯҳи А. Қатар – Сенегал − 18:00
Гурӯҳи A. Нидерланд – Эквадор − 21:00
Гурӯҳи B. Англия – ИМА − 00:00
26 ноябр, шанбе
Гурӯҳи D. Тунис – Австралия − 15:00
Гурӯҳи С. Лаҳистон – Арабистони Саудӣ − 18:00
Гурӯҳи D. Фаронса– Дания − 21:00
Гурӯҳи C. Аргентина – Мексика − 00:00
27 ноябр, якшанбе
Гурӯҳи E. Ҷопон – Коста-Рика − 15:00
Гурӯҳи F. Белгия – Марокаш − 18:00
Гурӯҳи F. Хорватия – Канада − 21:00
Гурӯҳи E. Испания – Олмон − 00:00
28 ноябр, душанбе
Гурӯҳи G. Камерун – Сербия − 15:00
Гурӯҳи H. Кореяи Ҷанубӣ – Гана − 18:00
Гурӯҳи G. Бразилия – Швейтсария − 21:00
Гурӯҳи H. Португалия – Уругвай − 00:00
29 ноябр, сешанбе
Гурӯҳи A. Эквадор – Сенегал − 20:00
Гурӯҳи A. Нидерланд – Қатар − 20:00
Гурӯҳи B. Эрон – ИМА − 00:00
Гурӯҳи B. Уэлс – Англия − 00:00
30 ноябр, чоршанбе
Гурӯҳи D. Австралия – Дания − 20:00
Гурӯҳи D. Тунис – Фаронса − 20:00
Гурӯҳи C. Арабистони Саудӣ – Мексика − 00:00
Гурӯҳи C. Лаҳистон– Аргентина – 00:00
1 декабр, панҷшанбе
Гурӯҳи F. Канада – Марокаш− 20:00
Гурӯҳи F. Хорватия – Белгия − 20:00
Гурӯҳи E. Коста-Рика – Олмон− 00:00
Гурӯҳи E. Ҷопон – Испания − 00:00
2 декабр, ҷумъа
Гурӯҳи H. Гана – Уругвай − 20:00
Гурӯҳи H. Кореяи Ҷанубӣ – Португалия − 20:00
Гурӯҳи G. Сербия – Швейтсария − 00:00
Гурӯҳи G. Камерун – Бразилия − 00:00
1/8 финал
3–6 декабр
1/4 финал
9–10 декабр
1/2 финал
13–14 декабр
Бозӣ барои ҷои 3-юм:
17 декабр
Финал
18 декабр
Гуфтугӯ