Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон на аз муносибат бо Остона, балки аз чизи дигар нигаронанд. ВИДЕО


Музаффар Олимов, Сайҳомид Шарифов ва Абдумалик Қодиров
Музаффар Олимов, Сайҳомид Шарифов ва Абдумалик Қодиров

Интихоботи Қазоқистонро, ки ба гуфтаи мақомоташ бо пирӯзии раисҷумҳур Қосимҷомарт Тоқаев хотима ёфт, вале ба иддаои мухолифону нозирони байнулмилалӣ бе рақобат гузашт, дар Тоҷикистон ҳам дидаанд.

Гуруҳе бовар доранд, дар ҳафт соли оянда муносибати Душанбе ва Остона осеб нахоҳад дид. Иддае дигар ба ислоҳоти ваъдагии Тоқаев бовар надоранд ва аз табдил шудани ӯ ба як худкомаи дигар дар минтақа меҳаросанд.

Интихобот дар кишвари саршор аз нафту гази Осиёи Марказӣ рӯзи 20-уми ноябр баргузор шуд. Ба ҳисоби расмӣ, Тоқаев беш аз 81 дарсади раъйи зиёда аз ҳашт миллион интихобкунандаро соҳиб шудааст. Тақрибан шаш дарсад "зидди ҳама" рой дода, рақибони Тоқаев дасти холӣ мондаанд.

"Аз моҳи январ маълум буд"

Баъзе аз таҳлилгарони тоҷик, ки Радиои Озодӣ 21-уми ноябр бо онҳо суҳбат кард, мегӯянд, пирӯзии Қосимҷомарт Тоқаев дар интихоботи рӯзи якшанбе аз қабл пешгӯишаванда буд. Ӯ шитобкорона Конститутсияро тағйир дод, қонуни интихоботро дигар кард, маъракаи пеш аз муҳлатро ба роҳ монд ва мухолифонро ба рақобат роҳ надод.

Музаффар Олимов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз ҳодисаҳои хунини аввали имсол дар Қазоқистон ёд овард. Ӯ рӯзи 21-уми ноябр гуфт: "Воқеаҳои моҳи январ аз муборизаи сахт барои мансаб дар атрофи наздикони Нурсултон Назарбоев ва як гуруҳе, ки мехостанд аз ин фурсат истифода баранд, гувоҳӣ медиҳад. Ҳамаи ин бекор шуд. Ғолиб будани Тоқаев аз моҳи январ маълум буд."

Тибқи иттилои расмӣ, дар эътирозҳо 230 кас кушта шудаанд. Садҳо нафари дигарро дастгиру муҳокима карданд. Мақомот, аз ҷумла президент Тоқаев, эътирозгаронро “террорист” номиданд, аммо созмонҳои ҳомии ҳуқуқ Остонаро ба саркӯби бераҳмонаи норозиён накӯҳиш карданд.

Наворро дар инҷо бинед:

Пирӯзӣ дар интихоботи "бидуни рақобат" дар Қазоқистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:00 0:00

Душанбе ва Остона шарикони стратегӣ ҳастанд ва дар 30 соли гузашта тақрибан танише надоштанд. Соли гузашта ду кишвар қариб ба 1,2 миллиард доллар додугирифт кардаанд. Тоҷикистон бахши асосии гандуму орд ва сӯзишвориро аз Қазоқистон меорад.

Намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бовар доранд, дар ҳафт соли оянда ҳамкориҳо бештар мешаванду камтар не. Ба қавли Сайҳомид Шарифов, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии МТС, “бо дубора интихоб шудани Тоқаев, рушди муносибатҳо миёни ду кишвар дар доираи манофеи мутақобила ба роҳ монда мешавад.”

"Мехоҳад, лидери нав шавад, вале…"

Қосимҷомарт Тоқаев соли 2019 ва пас аз истеъфои раиси ҷумҳури пешин Нурсултон Назарбоев ба қудрат расид. Ӯ баъд аз қариб як соли эътирозҳои хунин интихоботи зудрас баргузор кард. Дар асл интихоботи президентӣ дар Қазоқистон бояд соли 2024 баргузор мешуд.

Даҳҳо нафар дар рӯзи интихобот мухолифати худро ба интихобот ва сиёсати Тоқаев баён доштанд. Полис онҳоро дастгир кард.

Таҳлилгар Абдумалик Қодиров мегӯяд, Тоқаев пас аз воқеаҳои моҳи январ талош кард, баъзе ислоҳот гузаронад, аммо ӯ ба тағйири куллӣ дар Қазоқистон умед надорад.

"Тоқаев Мирзиёеви дувум шуда наметавонад. Мирзиёев ҳам дастпарвари Ислом Каримов буд, аммо тавонист, сиёсати худро дигар кунад. Тоқаев ҳам кӯшиш дорад аз сиёсате, ки Назарбоев дошт, даст кашад ва ба қавле лидери нав шавад. Гумон намекунам, ки хостҳои мардуми Қазоқистонро бароварда тавонад,” – шарҳ дод ӯ.

Шавкат Мирзиёев соли 2016 ва пас аз марги Ислом Каримов ба қудрат расид ва баъзе ислоҳот гузаронд. Бархе ба кӯшишҳои ӯ ба шубҳа менигаранд ва ислоҳоти "косметикӣ" медонанд. Бахусус ҳодисаҳои тобистони имсол дар Қароқалпоқистон, ки бо саркӯби норозиён анҷом ёфт, ин гумонҳоро бештар кард.

Ҳоло интихоботи президентии Қазоқистон ба поён расид ва камаш ҳафт соли дигар Тоқаев дар курсии раёсати ҷумҳурӣ хоҳад монд.

Интихоботе, ки ӯро дубора ба қудрат расонд, аз тарафи кишварҳои ҳампаймонаш хубу шаффоф номида шуд. Ба мисли Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки ба ӯ ҳам паёми табрикӣ фиристод ва ҳам телефонӣ гап зад. Вале мухолифонаш дурӯғин номиданд ва Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо низ бе рақобати воқеӣ донист.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG