Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истаравшан" ва "Равшан"-и Зафаробод лигаи олиро тарк мекунанд


Ду бошгоҳи вилояти Суғд - «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ва «Равшан»-и Зафаробод, ки аз рӯи натиҷагирии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2022 дар гурӯҳи «Б» ҷойҳои охирро гирифтанд, мавқеашонро дар лигаи нигоҳ дошта натавонистанд ва соли оянда дар лигаи якум бозӣ хоҳанд кард.

Дар даври охирини мусобиқот дар гурӯҳи «Б» дастаи "Истаравшан" дар меҳмонӣ бозиро ба "Регар-ТадАЗ" бо ҳисоби 0:2 бохт. Ҳарду даста 25-имтиёзӣ гирифтанд, аммо аз рӯи натоиҷи бозиҳо миёни ҳарду "Регар-ТадАЗ" бартарӣ дорад (2 ғалаба, 1 бохт). Бинобар ин, футболбозони шаҳри Турсунзода, ки ҷойи ҳаштумро соҳиб шуданд, мавқеашонро дар лигаи олӣ нигоҳ доштанд.

«Истаравшан», ки ҷойи нӯҳумро ишғол кард, соли оянда дар лигаи аввал бозӣ мекунад. Бояд гуфт, ки бозӣ миёни «Регар-ТадАЗ» ва «Истаравшан»-ро гурӯҳи доварон аз Узбекистон бо роҳбарии Илгиз Танташев ҳакамӣ карданд.

«Равшан»-и Зафаробод бошад, дар бозии даври охирини мусобиқот дар гурӯҳи «Б» аз дастаи меҳмон – «Файзканд»-и Восеъ – бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрд. Зафарободиҳо, ки бо касби 20 имтиёз дар зинаи даҳум ва охирини ҷадвали мусобиқот ҷойгир шуданд, лигаи олиро тарк мекунанд.

Мусобиқот дар гурӯҳи “А” бо иштироки панҷ дастаи беҳтарин идома дорад. Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқоти ин гурӯҳ «Истиқлол»-и Душанбе бо касби 42 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Зимнан, «Истиқлол» пешакӣ соҳиби медалҳои тилои мусобиқот гардид ва бори ёздаҳум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфт.

Ба иттилои бошгоҳи футболи “Истиқлол”, пас аз бозии даври 22-юми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон бо тими “Хуҷанд”, ки рӯзи чоршанбеи 23-юми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад, ба дастаи “Истиқлол” Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилои мусобиқот аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон супурда мешавад.

«Равшан»-и Кӯлоб бо касби 35 имтиёз дар ҷойи дувум, “Хуҷанд” ва “Хатлон”-и Бохтар бо касби 31-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои севуму чаҳорум ҷойгир шудаанд. Ин се даста барои медалҳои нуқраю биринҷӣ талош доранд.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2022

Лигаи олӣ

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи «А»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

20

12

6

2

39-12

42

2

«Равшан» (Кӯлоб)

21

9

8

4

26-20

35

3

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

20

8

7

5

27-16

31

4

«Хатлон» (Бохтар)

20

8

7

5

20-15

31

5

КМВА (Душанбе)

21

7

4

10

25-33

25

Даври 23-юм. Гурӯҳи «Б»

«Регар-ТадАЗ» – «Истаравшан» – 2:0

Голҳо: Анвар Муродов, 42 (1:0). Ҷасур Қурбонов, 87 (2:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Шерзод Маҳамадиев («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Илгиз Танташев (Узбекистон).

20 ноябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 500 тамошобин.

«Равшан» (Зафаробод) – «Файзканд» – 1:4

Голҳо: Алӣ Фаёз уғлӣ Нури Зангир, 5 (0:1). Шавкати Ҳотам, 10 (0:2). Шавкати Ҳотам, 30 (0:3). Шавкати Ҳотам, 88 (0:4). Умед Одинаев, 90 (1:4).

Беҳтарин бозигари дидор: Шавкати Ҳотам («Файзканд»).

20 ноябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 1000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи «Б»

6

Файзканд» (Восеъ)

22

8

4

10

25-34

28

7

«Эсхата» (Хуҷанд)

22

7

6

9

29-32

27

8

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

22

7

4

11

23-26

25

9

«Истаравшан» (Истаравшан)

22

7

4

11

26-27

25

10

«Равшан» (Зафаробод)

22

4

8

10

21-46

20

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG