Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) дар рӯзи кушоиши рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонӣ-2022 дар Қатар эълон кард, ки даромадҳои он ба таври бесобиқа ба 7,5 миллиард доллар расидааст. Маросими кушоиши ин мусобиқа шаби гузашта дар варзишгоҳи "Ал-Байт" баргузор шуд. Дастаи мунтахаби Қатар дар аввалин бозии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 аз тими Эквадор бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Ин аввалин Ҷоми ҷаҳонии футбол дар таърихи як кишвари арабӣ ва исломӣ аст.
ФИФА мегӯяд, даромадаш нисбат ба давраи қаблии Ҷоми ҷаҳонии футбол 2018 дар Русия, як миллиард долллар афзоиш ёфтааст. Афзоиши ин даромад, натиҷаи қарордодҳои тиҷоратӣ бо ширкатҳои газу нафт, бонкҳо ва ширкатҳои мухобиротии Қатар -- мизбони ин давраи мусобиқа будааст.
Хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" дар ин бора навиштааст, ки бештари қарордҳои пахши ин давра аз Ҷоми ҷаҳонӣ низ 11 сол пеш дар замони раҳбарии Зеп Блоттер бар ФИФА, имзо шуд. Оқои Блоттер дар рӯзҳои гузашта чанд бор аз ин, ки дар давраи раёсати ӯ Қатар ба унвони мизбони Ҷоми ҷаҳони-2022 интихоб шуд, ибрози таассуф кард ва худро низ шарики ин "иштибоҳ" номид.
Дар ин миён, мизбонии Қатар дар Ҷоми ҷаҳонӣ ба фурсате барои тақвияти ҳамдилӣ миёни сарони кишварҳои минтақа табдил шудааст.
Ба навиштаи "Рейтерз", дар як "намоиши ҳамбастагӣ" миёни кишварҳои араби минтақа, Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ, Абдуфаттоҳ Сисӣ, раиси ҷумҳури Миср ва Абдулмаҷид Таббун, раиси ҷумҳури Алҷазоир дар маросими кушоиши Ҷоми ҷаҳонӣ-2022 дар Қатар дар паҳлуи амири Қатар ҳузур ёфтанд. Арабистони Саудӣ дар як даҳаи ахир робитаҳои пуртанише бо Қатар дошт ва шуморе аз кишварҳои минтақа, аз ҷумла, Миср, Баҳрайн ва Имороти Муттаҳидаи Араб дар ҳимоят аз Риёз алайҳи Қатар мавзеъ гирифта буданд.
Дар ин маросим президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон бо Абдулфаттоҳ Сисӣ, президенти Миср даст дод. Ин кишвар аз чанд сол ба ин тараф бо ҳам робитаҳои сард доштанд. Дар ин маросим ҳамчунин Подшоҳи Урдун Малик Абдуллоҳ ва раиси Ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос низ ҳузур ёфтанд.
Дар ин миён дифои Ҷанни Инфантино, раиси ФИФА аз Қатар ба унвони мизбони шоиста барои мусобиқоти ин давраи Ҷоми ҷаҳонии футбол бозтоби густурдае дар расонаҳои ҷаҳонӣ дошт. Ӯ ки худ дар як соли гузашта ҷойи зиндагии шахсиашро низ ба Қатар интиқол додааст, рӯзи шанбе дар як нишасти хабарӣ таъки кард, ки рақобатҳои ин давра "беҳтарин Ҷоми ҷаҳонӣ" хоҳад буд ва "Қатар комилан омодаи мизбонӣ аст".
Президенти ФИФА ё Федератсияи байналмиалии футбол Ҷанни Инфантино рӯзи 19-уми ноябр дар бораи тасмими давлати Қатар оид ба манъи нӯшидани пиво дар майдонҳо, гуфт, "дар як рӯз се соат бе пиво ҳам рӯзатон мегузарад" ва афзуд "чунин қоидаҳо дар Фаронса, Испания ва Шотландия ҳам амал мекунанд".
Давлати Қатар, ки имсол мизбони Ҷоми ҷаҳонии футбол мебошад, эълон кард, ки фурӯши пиво дар ҷарёни бозӣ манъ мешавад ва ин хабар 48 соат пеш аз шурӯи бозиҳо барои бисёр мухлисони футбол хабари нохушоянд шуд.
Ҷанни Инфантино ҳамчунин гуфт, дарсҳои ахлоқии аврупоиҳо танҳо "худнамоишдиҳӣ ва риёкорӣ" аст ва ба унвони касе, ки аврупоӣ аст, баён дошт, ки "Аврупо дар се ҳазор соли ахир муртакиби чунон иштибоҳоте шудааст, ки се ҳазор соли дигар бояд ба хотири онҳо узрхоҳӣ кунад".
Расонаҳои исроилӣ, ки ҳузури густурда дар Қатар барои пушиши рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонӣ доранд, гузориш додаанд, ки амири Қатар шахстан дастури манъи фурӯши нӯшокиҳои масткунанда дар варзишгоҳ ва атрофи онро содир кардааст, то аз интиқодҳои мусалмонон пешгирӣ кунад.
Ҳамчунин ба гузориши расонаҳои исроилӣ, нахустин парвози мусофирбарии мустақим миёни Телавив ва Давҳа рӯзи якшанбеи 20 ноябр даҳҳо исроилиро ба тамошои ин мусобиқа ба Қатар бурд.
Давлатҳои Қатар ва Исроил, ки зоҳиран робитаҳои расмӣ надоранд, ду ҳафта пеш тавофуқи ниҳоии худро барои кушоиши хати парвозҳои мустақим барои Ҷоми ҷаҳонӣ эълон карданд. Аммо расонаҳои исроилӣ таъкид карданд, ки ин амр кушиши ин кишваро барои оддисозии робитаҳо бо Қатарро низ хоҳад тезонд.
Ба гузориши хабаргузориҳо, пешбинӣ шудааст, ки як миллион мухлис барои тамошои ин бозиҳо ба Қатар сафар кунанд. Қатар барои таъмини амнияти кишвар дар давраи мусобиқот, беш аз 50 ҳазор танро истихдом кардааст. Аммо ба иддаои бархе расонаҳои минтақа, музди бархе аз ин кормандон ҳудуди як доллар дар соат аст.
Бозии ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 18-уми декабр дар Варзишгоҳи миллии Лусаил, ки дорои 80 ҳазор ҷойгоҳ барои тамошобинон аст, баргузор хоҳад шуд. Бори аввал дар таърихи қаҳрамонии футболи ҷаҳон мусобиқа моҳҳои ноябр – декабр доир мегардад. Ин тасмим бинобар гармии сахти тобистон дар Қатар гирифта шуда буд.
Дар марҳилаи гурӯҳӣ 32 дастаи мунтахаб, ки ба 8 гурӯҳи чордастаӣ тақсим шудааст, барои роҳ ёфтан ба даври плей-офф мубориза мебарад. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд, ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ меёбанд. Бозии ниҳоӣ рӯзи 18-уми декабр доир мегардад.
Конфедератсияи футболи Осиё (AFC)-ро шаш дастаи мунтахаб намояндагӣ мекунад: Қатар (мизбон), Австралия, Арабистони Саудӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Эрон.
Назарсанҷиҳои ҷаҳонӣ нишон додаанд, ки аксари мардум дар 5 қораи дунё тамою нишон додаанд, ки Бразил, баъд аз он Фаронса, ки соҳиби охирин Ҷоми ҷаҳонӣ буд, Ҷоми 2022-ро аз худ кунанд.
Гуфтугӯ