Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 бо бозии Қатар ва Эквадор оғоз меёбад


Рӯзи 20-уми ноябр дар Қатар маросими ифтитоҳи Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 доир мегардад. Чорабинӣ дар варзишгоҳи “Ал-Байт” як соат пеш аз бозии дастаҳои мунтахаби Қатар ва Эквадор соати 20:00 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол-2022 дар Қатар то 18-уми декабр сурат мегирад. Ин кишвар бори аввал мизбонии Ҷоми ҷаҳонро ба зимма гирифтааст. Мунтахаби Қатар дар гурӯҳи бо “А” бо дастаҳои мунтахаби Эквадор, Сенегал ва Нидерланд рақобат мекунад.

Бозии ниҳоӣ дар Варзишгоҳи миллии Лусаил, ки барои тамошобинон 80 ҳазор ҷойгоҳ дорад, доир хоҳад шуд. Бори аввал дар таърихи қаҳрамонии ҷаҳон мусобиқа моҳҳои ноябр – декабр доир мегардад. Ин тасмим бинобар гармии сахти тобистон дар Қатар гирифта шуда буд.

Дар марҳилаи гурӯҳӣ 32 дастаи мунтахаб, ки ба 8 гурӯҳи чордастаӣ тақсим шудааст, барои роҳ ёфтан ба даври плей-офф мубориза мебарад.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд, ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ меёбанд. Бозии ниҳоӣ рӯзи 18-уми декабр доир мегардад.

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC)-ро шаш дастаи мунтахаб намояндагӣ мекунад: Қатар (мизбон), Австралия, Арабистони Саудӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Эрон.

Гурӯҳҳо:

А – Қатар, Эквадор, Сенегал, Нидерланд;

В – Англия, Эрон, Амрико, Уэлс;

С – Аргентина, Арабистони Саудӣ, Мексика, Лаҳистон (Полша);

D – Фаронса, Австралия, Дания, Тунис;

Е – Испания, Коста-Рика, Олмон, Ҷопон;

F – Белгия, Канада, Марокаш, Хорватия;

G – Бразилия, Сербистон, Швейтсария, Камерун;

H - Португалия, Гана, Уругвай, Кореяи Ҷанубӣ.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар

Ҷадвали баргузории бозиҳо ба вақти Душанбе:

Марҳилаи гурӯҳӣ

20 ноябр, якшанбе

Гурӯҳи А. Қатар – Эквадор – 21:00

21 ноябр, душанбе

Гурӯҳи B. Англия – Эрон − 18:00

Гурӯҳи A. Сенегал – Нидерланд − 21:00

Гурӯҳи B. ИМА– Уэлс − 00:00

22 ноябр, сешанбе

Гурӯҳи C. Аргентина – Арабистони Саудӣ − 15:00

Гурӯҳи D. Дания – Тунис − 18:00

Гурӯҳи C. Мексика – Лаҳистон − 21:00

Гурӯҳи D. Фаронса – Австралия − 00:00

23 ноябр, чоршанбе

Гурӯҳи F. Марокаш – Хорватия − 15:00

Гурӯҳи E. Олмон – Ҷопон − 18:00

Гурӯҳи E. Испания – Коста-Рика − 21:00

Гурӯҳи F. Белгия – Канада − 00:00

24 ноябр, панҷшанбе

Гурӯҳи G. Швейтсария – Камерун − 15:00

Гурӯҳи H. Уругвай –Кореяи Ҷанубӣ − 18:00

Гурӯҳи H. Португалия – Гана − 21:00

Гурӯҳи G. Бразилия – Сербия − 00:00

25 ноябр, ҷумъа

Гурӯҳи B. Уэлс – Эрон − 15:00

Гурӯҳи А. Қатар – Сенегал − 18:00

Гурӯҳи A. Нидерланд – Эквадор − 21:00

Гурӯҳи B. Англия – ИМА − 00:00

26 ноябр, шанбе

Гурӯҳи D. Тунис – Австралия − 15:00

Гурӯҳи С. Лаҳистон – Арабистони Саудӣ − 18:00

Гурӯҳи D. Фаронса– Дания − 21:00

Гурӯҳи C. Аргентина – Мексика − 00:00

27 ноябр, якшанбе

Гурӯҳи E. Ҷопон – Коста-Рика − 15:00

Гурӯҳи F. Белгия – Марокаш − 18:00

Гурӯҳи F. Хорватия – Канада − 21:00

Гурӯҳи E. Испания – Олмон − 00:00

28 ноябр, душанбе

Гурӯҳи G. Камерун – Сербия − 15:00

Гурӯҳи H. Кореяи Ҷанубӣ – Гана − 18:00

Гурӯҳи G. Бразилия – Швейтсария − 21:00

Гурӯҳи H. Португалия – Уругвай − 00:00

29 ноябр, сешанбе

Гурӯҳи A. Эквадор – Сенегал − 20:00

Гурӯҳи A. Нидерланд – Қатар − 20:00

Гурӯҳи B. Эрон – ИМА − 00:00

Гурӯҳи B. Уэлс – Англия − 00:00

30 ноябр, чоршанбе

Гурӯҳи D. Австралия – Дания − 20:00

Гурӯҳи D. Тунис – Фаронса − 20:00

Гурӯҳи C. Арабистони Саудӣ – Мексика − 00:00

Гурӯҳи C. Лаҳистон– Аргентина – 00:00

1 декабр, панҷшанбе

Гурӯҳи F. Канада – Марокаш− 20:00

Гурӯҳи F. Хорватия – Белгия − 20:00

Гурӯҳи E. Коста-Рика – Олмон− 00:00

Гурӯҳи E. Ҷопон – Испания − 00:00

2 декабр, ҷумъа

Гурӯҳи H. Гана – Уругвай − 20:00

Гурӯҳи H. Кореяи Ҷанубӣ – Португалия − 20:00

Гурӯҳи G. Сербия – Швейтсария − 00:00

Гурӯҳи G. Камерун – Бразилия − 00:00

3–6 декабр

1/8 финал

9–10 декабр

1/4 финал

13–14 декабр

1/2 финал

Бозӣ барои ҷои 3-юм:

17 декабр

Финал

18 декабр

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG