Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархӯрди "хашмгинона"-и Ҷинпин бо Трюдо. Пекин: Канадаро таҳдид накардем


Дурбинҳои телевизионҳо шоми чоршанбеи 16-уми ноябр лаҳзаҳое аз як гуфтугӯи камсобиқа миёни раиси ҷумҳури Чин ва нахуствазири Канадаро дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои Гурӯҳи-20 дар Индонезия сабт карданд. Дар он Си Ҷинпин бо нохушнудии зиёд Ҷастин Трюдо, нахуствазири Канадаро маломат мекунад, ки чаро ҷузъиёти музокирот ва дидори ин ҳафтаи онҳо аз сӯи Канада расонаӣ шудааст.

Ба гузориши хабаргузориҳо ва рӯзномаи бритониёии Guardian, президент Си Ҷинпин ба Ҷастин Трюдо мегӯяд, "ҳар чӣ дар бораи он ҳарф задем, ба расонаҳо роҳ ёфтааст. Ин шоиста нест".

Ишораи ӯ зоҳиран ба мулоқоти рӯзи сешанбеи ин ҳафта бо Ҷастин Трюдо пеш аз нишасти сарони Гурӯҳи-20 дар ҷазираи Балии Индонезия буд.

Расонаҳои Канада гузориш дода буданд, ки Ҷастин Трюдо дар ин мулоқот аз "ҷосусии Чин" ва "дахолати Чин дар интихоботи Канада", ибрози нигаронӣ кардааст.

Си Ҷинпин дар ин навор ба нахуствазири Канада бо ишора мегӯяд, ки ӯ "садоқат" надорад ва "ин расму қоидаи музокира нест".

Ҷастин Трюдо ки зоҳиран ғофилгир шуда буд, дар посух гуфт, "дар Канада мо ба гуфтугӯи боз ва ошкор бовар дорем. Ин коре аст, ки идома хоҳем дод. Ба ҳамкории созанда идома медиҳем. Аммо чизҳое ҳаст, ки дар мавриди он тавофуқ надорем".

Бо ин ҳол, президенти Чин дар навбати худ дар посух мегӯяд, "биёед аввал шартҳои гуфтугӯро муайян кунем, хуб?"

Баъд аз даст додани кӯтоҳ ва сард, ду раҳбар аз якдигар ҷудо шуданд.

Ҷастин Трюдо баъдан дар як нишасти хабарӣ изҳор дошт, "ҳар гуна гуфтугӯе осон нест. Аммо аҳамияти зиёд дорад ва аз усуле, ки барои канадаиҳо муҳим аст, дифоъ кунем".

Мелани Жоли, Вазири корҳои хориҷии Канада низ гуфт, аз назари ҳукумати ин кишвар, Чин дар саҳнаи байналмилалӣ "ҳар чи бештар мушкилсозтар мешавад".

Хонум Жоли ҳамчунин аз тоҷирони кишвараш хост аз сармоягузориҳои дорои аҳамият дар иқтисоди Чин ба хотири "хатарҳои геополитикӣ", дурӣ кунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Чин аммо рӯзи панҷшанбе дар баёнияе эълон кард, ки ин маломат на ба маънои таҳдид кардани Канада, балки баёни содиқонаи мавзӯъ будааст.

Баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Чин Канадаро масъули таниш дар муносибатҳои ду кишвар медонад. "Умедворем ки Канада иқдомҳои мушаххасеро барои беҳбуди робитаҳои дуҷониба анҷом диҳад",-омадааст дар баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Чин.

Робитаҳои Чин бо Канада ва ҳамчунин бо шумори зиёде аз кишварҳои ғарбӣ дар даврони даҳсолаи ҳукумати Си Ҷинпин ба сардӣ гароидааст. Сабаби ин дар оғоз рафтори Чин бо ақалияти ӯйғур буд ва баъдан ба иттиҳомҳои гуногун дар заминаи дахолати Чин барои зарба задан ба иқтисоди Ғарб, "ҷосусӣ", "дахолат дар интихобот" ва дар давраи ахир, "таҳдид алайҳи Тайван", будааст.

Дар моҳҳои ахир худдории Чин аз қабули дархости Ғарб барои қарор нагирифтан дар паҳлуи Русия, ки ба Украина ҳамлаи низомӣ кард, бар феҳристи тӯлонии сабабҳои таниши робитаҳои Ғарб ва Чин, илова шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG