Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба мардум


Тарма дар роҳи Душанбе - Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ
Тарма дар роҳи Душанбе - Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз мардуми кишвар хостааст, то 18-уми ноябр безарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ сафар накунанд ва ё ба чаронидани чорво ва шикор нараванд.

Кумита рӯзи 17-уми ноябр бо нашри ҳушдори расмӣ гуфт, мумкин аст, дар ин рӯзҳо дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор тарма фарояд.

Дар гузашта дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон мавридҳои зери тарма мондану ҷон бохтани мусофирон борҳо дида шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, барои таъмини амнияти ронандагон ва расонидани ёрии фаврӣ маъмурони наҷотро ба шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ-Хуҷанд фиристодааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG