Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистону Русия ба бозии дӯстона омодаанд


Имрӯз, 17-уми ноябр, дар шаҳри Душанбе бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ва Русия баргузор мешавад. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ соати 20:00 оғоз меёбад.

Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ба бозии дӯстона муқобили тими миллии Русия дар Душанбе омодагӣ дид. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 27 бозигар дохила аст, ки 14 нафари онҳо легионеранд.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Русия бошад, бо роҳбарии сармураббӣ Валерий Карпин барои ширкат дар бозии дӯстона муқобили мунтахаби Тоҷикистон бо шумули 26 футболбоз ба Душанбе омадааст.

Мунтахаби Русия шаби чоршанбеи 16-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тамрини пеш аз бозӣ анҷом дод. Аммо дар машқҳо ҳимоятгарон Георгий Ҷикия ва Вячеслав Караваев, ки ба Душанбе омадаанд, иштирок накарданд. Ҳарду дар бозии дӯстона муқобили мунтахаби Тоҷикистон ширкат намеварзанд.

“Ҳар як варзишгар мехоҳад ҳамеша пирӯз шавад. Ва мо мехоҳем ва мунтахаби Тоҷикистон ҳам. Ба майдон мебароем, мебинем, ки кӣ қавитар аст. Маълум аст, ки мо дар вазъияти худ футболбозонеро дидан мехохем, ки ҳанӯз дар бозиҳои байналмилалӣ иштирок накардаанд. Хеле хуш аст, ки дар Тоҷикистон чунин бозиро ташкил кардаанд ва моро хуб пазироӣ намуданд. Мо эҳсос кардем, ки ҳама чиз хеле самимӣ аст ”, - гуфт Валерий Карпин, сармураббии тими миллии Русия, дар мусоҳиба бо намояндагони ВАО.

Футболбозоне, ки дар Аврупо бозӣ мекунанд, яъне легионерҳо, дар ҳайати тими миллии Русия ба Душанбе наомадаанд. Инчунин бозигари калидии даста Артём Дзюба дар бозии дӯстона бо мунтахаби Тоҷикистон иштирок намекунад. Оё тими Русия бе ин бозигарон заифтар аст?

Ба ин суоли хабаринигори сомонаи расмии шабакаи телевизионии “Матч ТВ” сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт чунин посух додааст: “Ман инро як мушкили бузург намеҳисобам. Дар дастаи шумо бозигарони ҷавон ва нав ҳастанд, ки мехоҳанд ҳунари худро нишон диҳанд. Мунтахаби Русия чунон пурқувват аст, ки набудани ин бозигарони мушаххас ба бозии даста таъсир расонида, онро заифтар карда наметавонад.”

Петр Сегрт ҳамчунин гуфт, ки дар тамоми Конфедератсияи футболи Осиё на бештар аз чаҳор - панҷ даста хоҳад буд, ки қодиранд бо тими Русия рақобат кунанд. “Дастаҳое, ба мисли Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия ва Арабистони Саудӣ, танҳо дар беҳтарин рӯзи худ бар тими Русия ғалаба карда метавонанд, боқимондаҳо дар муқобили чунин рақиби қавӣ шонс надоранд», - гуфт Петр Сегрт.

Нархи билети муқаррарӣ барои тамошои ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе 30 сомонӣ, билети VIP 100 сомонӣ мебошад.

Федератсияи байнулмилалии футбол (FIFA) ва Созмони футболи Аврупо (UEFA) баргузории бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Русияро иҷозат додаанд, бинобар ин, натиҷаи бозӣ ҳангоми тартиб додани рейтинг ё радабандии FIFA ба ҳисоб гирифта мешавад. Дар ҳамин ҳол мунтахаби Русия дар феҳристи FIFA дар байни 211 кишвар дар ҷойи 33-юм ва мунтахабиТоҷикистон дар ҷойи 108-ум қарор доранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG