Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғалабаи сеюми футболбозони навраси тоҷик дар қаҳрамонии CAFA-2022 


Дастаи мунтахаби наврасони то 14-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Далер Каёсов дар бозии сеюмаш дар мусобиқаи қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2022 мунтахаби Эронро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Ин бозӣ 16-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуд.

Дар бозии дигари даври чаҳоруми мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2022 (U-14) мунтахаби наврасони Узбекистон бар дастаи Афғонистон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа мунтахаби Тоҷикистон бо касби нӯҳ имтиёз пешсафи ягона аст. Дастаҳои Узбекистон ва Афғонистон шашимтиёзӣ гирифтаанд. Тими Эрон се имтиёз дорад. Мунтахаби Туркманистон имтиёз ба даст наовардааст.

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2022 (U-14) бо иштироки панҷ дастаи мунтахаби наврасони Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор то рӯзи 18-уми ноябр идома хоҳад кард.

Ҳамагӣ даҳ бозӣ доир мегардад. Тибқи дастури мусобиқа дастаҳо бо ҳамдигар дар як давра бозӣ мекунанд. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари имтиёзҳои бадастоварда муайян мегардад.

Бозиҳои даври панқум ва охирини мусобиқа рӯзи ҷумъа, 18-уми ноябр, баргузор мешаванд. Мунтахаби Туркманистон бо тими Эрон ва мунтахаби Тоҷикистон бо тими Афғонистон бозӣ мекунанд.

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2022 байни дастаҳои мунтахаби наврасони то 14-сола

Даври 1-ум

Узбекистон – Туркманистон – 8:1

Эрон – Афғонистон – 0:1

Даври 2-юм

Туркманистон – Тоҷикистон – 0:9

Узбекистон – Эрон – 1:3

Даври 3-юм

Тоҷикистон – Узбекистон – 4:0

Афғонистон – Туркманистон – 1:0

Даври 4-ум

Афғонистон – Узбекистон – 0:1

Эрон – Тоҷикистон – 0:2

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон

3

3

0

0

15-0

9

2

Узбекистон

4

2

0

2

10-8

6

3

Афғонистон

3

2

0

1

2-1

6

4

Эрон

3

1

0

2

3-4

3

5

Туркманистон

3

0

0

3

1-18

0

Даври 5-ум

18 ноябр (ҷумъа)

11:30 – Туркманистон – Эрон

16:00 – Тоҷикистон – Афғонистон

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG