Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варшава афтодани ду мушакро дар ҳудуди Лаҳистон тасодуфӣ номид


Макони афтодани яке аз мушакҳо дар қаламрави Лаҳистон. 15 нобяр, 2022.
Макони афтодани яке аз мушакҳо дар қаламрави Лаҳистон. 15 нобяр, 2022.

Афтодани мушак дар ҳудуди Лаҳистон рӯзи 15 ноябр, ки дар натиҷаи он ду кас кушта шуд, ҳамла ба ин кишвар набуда, ба эҳтимоли зиёд ҳодисаи тасодуфӣ аст. Дар ин бора рӯзи 16 ноябр президенти Лаҳистон Анҷей Дуда изҳори назар кард.

Ба гуфтаи Дуда, мушак, эҳтимолан, ба низоми мудофиаи ҳавоии Украина тааллуқ дорад. Президенти Лаҳистон гуфт, ҳеч далели мавҷуд нест, ки мушак аз ҳудуди Русия партоб шуда бошад. Дуда гуфт, на қисмати таслиҳотии гулула, балки боқимондаи сӯзишвории он таркидааст.

Иттилои ба ин монандро рӯзи 16 ноябр дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг низ пешниҳод кард. Ба гуфтаи вай, таҳлили ибтидоии НАТО нишон додааст, ки мушак аз низомҳои мушакии Украина партоб шудааст.

Столтенберг гуфт, Украина дар ин ҳодиса масъулияте надорад. "Масъулияти ниҳоӣ бар дӯши Русия аст, ки ҷанги ғайриқонуниро идома медиҳад", - гуфт Столтенберг. Садри аъзами Олмон Олаф Шолтс ва сарвазири Бритониё Риши Сунак низ рӯзи 16 ноябр чунин изҳороте нашр карданд.

"Ҳамаи мо бояд дарк кунем: агар Русия ба Украина ҳамла намекард, ин ҳодиса сурат намегирифт. Воқеияти ҷанги бераҳмонаи Путин ҳамин аст. То замоне ки ҷанг идома мекунад, он барои амнияти мо ва амнияти ҳампаймонони мо хатар дорад", - гуфт Риши Сунак.

Алексей Данилов, котиби Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиаи Украина рӯзи чаҳоршанбеи 16 ноябр гуфт, мақомоти украинӣ дар бораи ба артиши Украина тааллуқ доштани мушаке шубҳа доранд, ки дар ҳудуди Лаҳистон афтод.

Рӯзи 15 ноябр Русия ба қисмати ғарбии Украина, аз ҷумла вилояти Лвов, ки бо Лаҳистон ҳамсарҳад аст, мушак партоб кард.

Дар маҷмуъ, рӯзи 15 ноябр, Русия ба Украина 96 мушак партоб кард. Мақомоти мудофиаи Украина гуфтанд, ки 87 мушаки партобшуда суқут дода шудааст.

Аммо дар натиҷаи мушакборони ахир наздики 30 иншоот дар Украина зарар дидааст. Вазорати мудофиаи Русия гуфт, ҳамаи мушакҳо ба ҳадаф расидаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG