Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

FIFA ҳайати дастаҳои иштироккунандаи Ҷоми ҷаҳон-2022 дар Қатарро нашр кард


Ҳайати ниҳоии ҳамаи дастаҳое, ки дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар ширкат мекунанд, дар вебсайти Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) нашр гардидааст.

Дар маҷмӯъ 831 футболбоз ба рӯйхат шомил шудааст. Танҳо тими миллии Эрон 25 бозигарро ба дархости расмӣ дохил кардааст, дар ҳоле ки ба 26 бозигар иҷозат дода шудааст.

Ҷоми ҷаҳонии футбол аз 20-уми ноябр то 18-уми декабр дар ҳашт варзишгоҳи панҷ шаҳри Қатар баргузор мешавад.

Ҳайати гурӯҳҳо чунин аст:

гурӯҳи А – Қатар, Эквадор, Сенегал, Нидерланд;

гурӯҳи В – Англия, Эрон, ИМА (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), Уэлс;

гурӯҳи С – Аргентина, Арабистони Саудӣ, Мексика, Лаҳистон (Полша);

гурӯҳи D – Фаронса, Австралия, Дания, Тунис;

гурӯҳи Е – Испания, Коста-Рика, Олмон, Ҷопон;

гурӯҳи F – Белгия, Канада, Марокаш, Хорватия;

гурӯҳи G – Бразилия, Сербия, Швейтсария, Камерун;

гурӯҳи H - Португалия, Гана, Уругвай, Кореяи Ҷанубӣ.

Дар марҳилаи гурӯҳӣ 32 дастаи мунтахаб, ки ба 8 гурӯҳи чордастаӣ тақсим шудааст, барои роҳ ёфтан ба даври плей-офф мубориза мебарад.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд, ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ меёбанд. Бозии ниҳоӣ рӯзи 18-уми декабр доир мегардад.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар

Ҷадвали баргузории бозиҳо ба вақти Душанбе:

Марҳилаи гурӯҳӣ

20 ноябр, якшанбе

Гурӯҳи А. Қатар – Эквадор – 21:00

21 ноябр, душанбе

Гурӯҳи B. Англия – Эрон − 18:00

Гурӯҳи A. Сенегал – Нидерланд − 21:00

Гурӯҳи B. ИМА– Уэлс − 00:00

22 ноябр, сешанбе

Гурӯҳи C. Аргентина – Арабистони Саудӣ − 15:00

Гурӯҳи D. Дания – Тунис − 18:00

Гурӯҳи C. Мексика – Лаҳистон − 21:00

Гурӯҳи D. Фаронса – Австралия − 00:00

23 ноябр, чоршанбе

Гурӯҳи F. Марокаш – Хорватия − 15:00

Гурӯҳи E. Олмон – Ҷопон − 18:00

Гурӯҳи E. Испания – Коста-Рика − 21:00

Гурӯҳи F. Белгия – Канада − 00:00

24 ноябр, панҷшанбе

Гурӯҳи G. Швейтсария – Камерун − 15:00

Гурӯҳи H. Уругвай –Кореяи Ҷанубӣ − 18:00

Гурӯҳи H. Португалия – Гана − 21:00

Гурӯҳи G. Бразилия – Сербия − 00:00

25 ноябр, ҷумъа

Гурӯҳи B. Уэлс – Эрон − 15:00

Гурӯҳи А. Қатар – Сенегал − 18:00

Гурӯҳи A. Нидерланд – Эквадор − 21:00

Гурӯҳи B. Англия – ИМА − 00:00

26 ноябр, шанбе

Гурӯҳи D. Тунис – Австралия − 15:00

Гурӯҳи С. Лаҳистон – Арабистони Саудӣ − 18:00

Гурӯҳи D. Фаронса– Дания − 21:00

Гурӯҳи C. Аргентина – Мексика − 00:00

27 ноябр, якшанбе

Гурӯҳи E. Ҷопон – Коста-Рика − 15:00

Гурӯҳи F. Белгия – Марокаш − 18:00

Гурӯҳи F. Хорватия – Канада − 21:00

Гурӯҳи E. Испания – Олмон − 00:00

28 ноябр, душанбе

Гурӯҳи G. Камерун – Сербия − 15:00

Гурӯҳи H. Кореяи Ҷанубӣ – Гана − 18:00

Гурӯҳи G. Бразилия – Швейтсария − 21:00

Гурӯҳи H. Португалия – Уругвай − 00:00

29 ноябр, сешанбе

Гурӯҳи A. Эквадор – Сенегал − 20:00

Гурӯҳи A. Нидерланд – Қатар − 20:00

Гурӯҳи B. Эрон – ИМА − 00:00

Гурӯҳи B. Уэлс – Англия − 00:00

30 ноябр, чоршанбе

Гурӯҳи D. Австралия – Дания − 20:00

Гурӯҳи D. Тунис – Фаронса − 20:00

Гурӯҳи C. Арабистони Саудӣ – Мексика − 00:00

Гурӯҳи C. Лаҳистон– Аргентина – 00:00

1 декабр, панҷшанбе

Гурӯҳи F. Канада – Марокаш− 20:00

Гурӯҳи F. Хорватия – Белгия − 20:00

Гурӯҳи E. Коста-Рика – Олмон− 00:00

Гурӯҳи E. Ҷопон – Испания − 00:00

2 декабр, ҷумъа

Гурӯҳи H. Гана – Уругвай − 20:00

Гурӯҳи H. Кореяи Ҷанубӣ – Португалия − 20:00

Гурӯҳи G. Сербия – Швейтсария − 00:00

Гурӯҳи G. Камерун – Бразилия − 00:00

1/8 финал

3–6 декабр

1/4 финал

9–10 декабр

1/2 финал

13–14 декабр

Бозӣ барои ҷои 3-юм:

17 декабр

Финал

18 декабр

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG