Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азиза Абдирасулова - фаъоли қирғизистонӣ аз сӯи пулис боздошту раҳо шуд


Азиза Абдирасулова, фаъоли ҷомеаи маданӣ.
Азиза Абдирасулова, фаъоли ҷомеаи маданӣ.

Кормандони пулиси Қирғизистон ҳомии ҳуқуқ Азиза Абдирасуловаро ҳангоми гирдиҳамоии зидди интиқоли обанбори Кампиробод боздошт карданд. Абдирасулова чанд соат баъд аз боздошт раҳо шуд.

Вай гуфт, ки фишори хунаш боло рафта ва пулис мошини ёрии таъҷилӣ даъват кардааст. Бо ин вуҷуд, пулис нисбати Абдирасулова бо моддаи "Итоат накардан ба талаби қонунии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ" парвандаи маъмурӣ тартиб додааст.

Абдирасулова гуфт, ки бо ин айбнома розӣ нест. Вай афзуд, дар гирдиҳамоӣ на иштирокчӣ, балки нозири мустақил буд.

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 15 ноябр дар назди бинои порлумон ташкили гирдиҳамоии зидди интиқоли обанбори Кампиробод ба Узбекистон дар назар буд. Дар ин гирдиҳамоӣ наздики 30 нафар иштирок кард. Дар ин гирдаҳамоӣ пулис ҳомии ҳуқуқ Азиза Абдирасуловаро боздошт кард.

XS
SM
MD
LG