Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи мунтахаби миллии футболи Русия ба Душанбе омад


Дастаи мунтахаби миллии футболи Русия бо роҳбарии сармураббӣ Валерий Карпин барои ширкат дар бозии дӯстона муқобили мунтахаби Тоҷикистон шаби 15-уми ноябр ба Душанбе омад.

Ҳайати тими миллии Русияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳбарони Федератсияи футболи Тоҷикистон пешвоз гирифтанд. Ба бозигарон, мураббиён ва аъзои ҳайати мунтахаби Русия тоқии миллӣ ва гардандбанд бо рамзи Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Дастаи мунтахаби Русия бо шумули 26 футболбоз ба Душанбе омадааст.

“Ҳар як варзишгар мехоҳад ҳамеша пирӯз шавад. Ва мо мехоҳем ва мунтахаби Тоҷикистон ҳам. Ба майдон мебароем, мебинем, ки кӣ қавитар аст. Маълум аст, ки мо дар вазъияти худ футболбозонеро дидан мехохем, ки ҳанӯз дар бозиҳои байналмилалӣ иштирок накардаанд. Хеле хуш аст, ки дар Тоҷикистон чунин бозиро ташкил кардаанд. Ҳатто аз 10 дақиқаи аввал маълум аст, ки дар ин ҷо ҳама чиз хеле самимӣ хоҳад буд ”, - гуфт Валерий Карпин, сармураббии тими миллии Русия, дар мусоҳибаи кӯтоҳ бо намояндагони ВАО.

Мунтахаби Русия шаби чоршанбеи 16-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тамрини пеш аз бозӣ анҷом медиҳад. Машқҳо соати 20:00 cap мешавад. 15 дақиқаи аввали тамрин барои намояндагони ВАО, ки ба бозии дарпешистода аккредитатсия шудаанд, боз хоҳад буд.

Сипас, соати 21:15 дар маҷлисгоҳи Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо ширкати сармураббии тими миллии Русия Валерий Карпин ва яке аз бозигарони даста нишасти хабарии пеш аз бозӣ оғоз меёбад.

Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Русия рӯзи панҷшанбе, 17-уми ноябр, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 20:00 оғоз меёбад.

Фурӯши билетҳо ба ин бозӣ шуруъ шудааст. Билетҳоро дар хазинаҳои Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ харидан мумкин аст. Нархи билети муқаррарӣ 30 сомонӣ, билети VIP 100 сомонӣ мебошад.

Федератсияи байнулмилалии футбол (FIFA) ва Иттиҳодияи футболи Аврупо (UEFA) баргузории бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Русияро иҷозат доданд, бинобар ин, натиҷаи бозӣ ҳангоми тартиб додани рейтинг ё радабандии FIFA ба ҳисоб гирифта мешавад.

Дар ҳамин ҳол мунтахаби Русия дар феҳристи FIFA дар байни 211 кишвар бо 1496,11 имтиёз дар ҷойи 33-юм ва мунтахабиТоҷикистон бо 1185,7 имтиёз дар ҷойи 108-ум қарор доранд.

Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ба бозии дӯстона муқобили тими миллии Русия дар Душанбе омодагӣ мебинад. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 28 бозигар, ки 15 нафари онҳо легионер мебошанд, дохиланд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG