Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон гумонбаронро бар асоси қонунҳои шариат ҷазо медиҳанд


Намояндагони гуруҳи Толибон
Намояндагони гуруҳи Толибон

Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари ҳукумати Толибон дар Афғонистон, ба додрасҳои ин кишвар дастур додааст, ки ҳангоми мурофиа ва содир кардани ҳукмҳои худ ба қонунҳои шариати Ислом такя кунанд.

Охундзода аз додрасҳо хостааст, ба ҷиноятҳое, ки тибқи шариати исломӣ ба гурӯҳи "ҳудуд" дохил мешаванд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир шавад.

Ба гуфтаи ӯ, муҷозоти ин навъи ҷиноятҳо муқаррар карда шудааст ва он набояд сабуктар шавад. Ба навъи мазкури ҷиноятҳо, аз ҷумла дуздӣ, ғоратгарӣ, зино, истеъмоли машрубот ва муртад шудан шомил аст.

Ҳомиёни ҳуқуқ нигаронанд, ки ҳамагуна фаъолияти шаҳрвандии мухолиф ба ақидаи гуруҳи Толибон метавонад, ҳамчун муртад шудан арзёбӣ шавад. Толибон дар аҳди гузаштаашон солҳои 1990-ум барои ингуна ҷазоҳо, аз ҷумла қатли инсон дар мазҳари ом танқид мешуданд.

Аз замони ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон дар соли гузашта навори муҷозоти оммавии ҷинояткорон дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд.

Пулиси Толибон ҳамчунин ҷасади ҷинояткоронро, ки гуфта мешавад дар ҷараёни боздошт кушта шудаанд, ба таври оммавӣ намоиш медиҳад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG