Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Систерҳуд”. Дастаи футболбозони ҳиҷобпӯши Лондон. ВИДЕО


Дастаи футболбозони ҳиҷобпӯш тавсеа меёбад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

“Систерҳуд” ё “Хоҳарон” дастаи занонаи футбол дар Лондон аст, ки ба бозигаронаш иҷоза медиҳад, бо либоси исломӣ бозӣ кунанд. Соли 2018 таъсис ёфт ва аъзояш ду баробар афзуда, 100 нафар шудаанд.

Яке аз онҳо Камара Дейвис аст. Дар 17-солагӣ ба ислом гаравид ва фикр мекард, ки дигар ҳаргиз футбол бозӣ карда наметавонад, зеро либосаш муносиб нест. Вақте дар бораи дастаи “Хоҳарон” шунид, хушҳолиаш поён надошт.

“Ҳар вақте тӯбро рӯйи поям мегирам, қудратеро эҳсос мекунам ва мавҷи зиёди энержиро, ки дорам, аз тариқи задани тӯб берун мерезам. Дар воқеъ, бисёр эҳсоси хуб мекунам,” – нақл кард ӯ.

“Хоҳарон” ҳар ҳафта тамрини футбол дорад ва дастаҳои аввали он дар Суперлига дар гуруҳҳои 5 ва 7-нафарӣ бозӣ мекунанд. Ба даста ҳамчунин духтарони мусулмони хонашине меоянд, ки мехоҳанд, андаке аз корҳои маъмулӣ дур шаванд.

Фотима Алӣ мегӯяд, баъзе аз оилаҳо намефаҳманд, ки чаро занону духтарон мехоҳанд, футбол бозӣ кунанд.

“Баъзан бародаратон аз Шумо мепурсад, барои ту рафтан аз ғарби Лондон ба ҷануби он чӣ фоида дорад? Чӣ фоида дорад? Ман мегӯям, ки аз бозӣ лаззат мебарам, мо тим дорем. Мо мусобиқа дорем, мо бояд биравем,” – гуфт ӯ.

Дастаи “Хоҳарон”-ро барои он таъсис додаанд, ки занони мусулмони алоқаманди варзиш бо риояти қоидаҳои динашон ба он шуғл варзанд.

Дар рамзи тимашон акси ҳиҷобро ҳам мондаанд, ки ФИФА пӯшидани онро соли 2007 бо назардошти меъёрҳои амниятӣ манъ кард. Соли 2012 ин дастур сабуктар ва соли 2014 ба тамом бардошта шуд.

Аксар бозигарони даста аз он хушҳоланд, ки ҷоми ҷаҳонии имсолаи футбол дар Қатар сурат мегирад. Нахустин кишвари мусулмоннишин, ки мусобиқотро мизбонӣ мекунад.

“Ман мехоҳам, илҳомбахши духтарони мусулмони сиёҳпӯст ва тамоми занон бошам, ки бигӯям, оре, Шумо се тифл, шавҳар, кор ва ҳама чиз доред, вале метавонед ҳануз футбол бозӣ кунед,” – гуфт яке аз онҳо.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG