Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба ҳайати тими миллии Русия дар ҷамъомади моҳи ноябр 30 футболбоз даъват шудааст


Мунтахаби футболи Русия. Акс аз бойгонӣ.
Мунтахаби футболи Русия. Акс аз бойгонӣ.

Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби футболи Русия бо роҳбарии Валерий Карпин ҳайати тими миллии кишварро дар ҷамъомади таълимиву тамринии моҳи ноябр ва бозиҳои дӯстона муқобили мунтахабҳои Тоҷикистон ва Узбекистон эълон кард, хабар медиҳад сомонаи Созмони футболи Русия.

Ба иттилои манбаъ, ба ҳайати дастаи мунтахаби Русия ҳамагӣ 30 футболбоз дохил аст. Ба рӯйхати Валерий Карпин 4 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 13 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар ворид шудаанд:

Дарвозабонҳо: Антон Шунин («Динамо», Москва), Александр Солеҳов («Спартак», Москва), Матвей Сафонов («Краснодар»), Сергей Песяков («Ростов», Ростови соҳили Дон).

Ҳимоятгарон: Вячеслав Караваев («Зенит», Санкт-Петербург), Даниил Хлусевич, Георгий Ҷикия, Руслан Литвинов (ҳама аз «Спартак», Москва), Максим Осипенко, Александр Силянов (ҳарду аз «Ростов», Ростови соҳили Дон), Артём Макарчук («Сочи»), Иля Агапов («Пари НН», Нижний Новгород), Александр Солдатенков («Криля Советов», Самара).

Нимҳимоятгарон: Дмитрий Баринов, Артём Карпукас, Антон Миранчук (ҳарсе аз «Локомотив», Москва), Данил Глебов, Даниил Уткин (ҳарду аз «Ростов», Ростови соҳили Дон), Далер Кузяев, Андрей Мостовой (ҳарду аз «Зенит», Санкт-Петербург), Никита Кривсов («Краснодар), Сергей Пиняев («Криля Советов», Самара), Даниил Фомин, Арсен Захарян (ҳарду аз «Динамо», Москва), Антон Зинковский («Спартак», Москва), Лечи Саъдуллоев («Аҳмад», Грозний)

Ҳамлагарон: Фёдор Чалов (КМВА, Москва), Николай Комличенко («Ростов», Ростови соҳили Дон), Александр Соболев («Спартак», Москва), Владимир Сичевой («Оренбург»).

Тими миллии Русия бозиҳои дӯстонаро муқобили мунтахаби Тоҷикистон 17-уми ноябр дар Душанбе ва бо мунтахаби Узбекистон 20-уми ноябр дар Тошканд баргузор мекунад.

Федератсияи байнулмилалии футбол (FIFA) ва Иттиҳодияи футболи Аврупо (UEFA) баргузории бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Русияро иҷозат доданд, бинобар ин, натиҷаи бозӣ ҳангоми тартиб додани рейтинг ё радабандии FIFA ба ҳисоб гирифта мешавад.

Дар ҳамин ҳол мунтахаби Русия дар феҳристи FIFA дар байни 211 кишвар бо 1496,11 имтиёз дар ҷойи 33-юм ва мунтахабиТоҷикистон бо 1185,7 имтиёз дар ҷойи 108-ум қарор доранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG