Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия Сергей Лавровро ба нишасти G20 мефиристад


G20 дар соли 2019
G20 дар соли 2019

Русия гуфт, дар ҷаласаи сарони кишварҳои "Гурӯҳи 20" (G20) дар Индонезия вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ҳузурӣ ва президент Владимир Путин онлайнӣ иштирок мекунанд.

Дар ин бора рӯзи 10-уми ноябр як мақоми сафорати Русия дар Индонезия хабар дод.

Чандин кишвар таҳдид карданд, ки дар сурати ҳузури Путин дар ин ҷаласа, ки бо иштироки раҳбарони кишварҳои пешрафтаи саноатӣ мегузарад, нишастро таҳрим хоҳанд кард.

Ғарбу Аврупо ҳуҷуми беасоси Русияро ба хоки Украина дар моҳи феврали имсол маҳкум карда, алайщи Маскав таҳрим ҷорӣ намуданд.

Нишасти навбатии G20 ҳафтаи оянда барпо мешавад

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG