Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

БОР: Фиристодани пул аз Русия ба Тоҷикистон 25% кам мешавад


Яке аз бозорҳои Душанбе
Яке аз бозорҳои Душанбе

Бонки Осиёи Рушд дар гузорише гуфт, соли 2022 интиқоли пули муҳоҷирон аз Русия назар ба соли гузашта тахминан 25 дарсад камтар мешавад.

Ба иттилои бонк, агар соли 2021 бо мадади муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон 2 миллиарду 250 миллион доллар ворид шудааст, имсол ин нишондод метавонад, тахминан 1 миллиарду 700 миллион долларро ташкил диҳад.

Шурӯи ҷанги беасос алайҳи Украина ба бисёре аз бахшҳои иқтисоди Русия осеб расонд ва сабаби поин омадани нишондодҳо шуд.

Муовини раиси ҳукумати Русия Алексей Оверчук рӯзи 9-уми ноябр дар ҳангоми ифтитоҳи Маркази муҳоҷирати Маскав дар Душанбе гуфт, "то 1-уми ноябри имсол дар ҳудуди Русия 1 миллиону 200 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон қарор доштанд".

Ба навиштаи хабаргузории расмии ТАСС, мақоми рус гуфтааст, "муҳоҷирони корӣ ба иқтисоди Русия ва Тоҷикистон саҳми зиёд мегузоранд".

Русия барои бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон макони асосии кору даромад шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG