Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бонки олмонӣ пулҳои Алишер Усмоновро меҷӯянд


Алишер Усмонов
Алишер Усмонов

Пулиси Олмон дар доираи парвандаи ҷиноии Алишер Усмонов, сарватманди узбектабори Русия, дар намояндагиҳои бузургтарин бонки Швейтсария дар Олмон кофтукоб анҷом дод.

Ба иттилои нашрияи Der Spiegel, Додситонии федеролии Олмон Алишер Усмоновро ба сарпечӣ аз пардохти андоз, шикастани қонун дар бораи тиҷорати хориҷӣ ва пулшӯӣ айбдор мекунад.

Усмонови 69-сола яке аз шаҳрвандони сарватмандтарини Русия аст.

Бино ба баҳогузории маҷаллаи Forbes дар соли 2022, дороии Усмонов ба 14,6 миллиард евро баробар аст. Моҳи феврали имсол, баъди шуруъи ҳамлаи густардаи Русия ба Украина, Усмонов, ҳамчун яке аз шахсони наздик ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, шомили таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо гардид.

Дар хабари нашрияи Der Spiegel омадааст, дар чанд моҳи охир мақомоти Олмон дар бораи садҳо ҳолати пулшӯие хабар ёфтаанд, ки Алишер Усмонов дар онҳо даст дорад. Бино ба иттилои нашрия, бонки UBS низ ҳукумати Олмонро дар ин бора огоҳ кардааст.

Пештар аз ин Der Spiegel хабар дод, пулиси Олмон аз дохили киштии Dilbar, ки ба Алишер Усмонов марбут аст, 30 расмро мусодира кардааст. Арзиши умумии расмҳо ҳадди ақал 5 миллион евроро ташкил медиҳад.

Ин тасмим дар пайи иҷрои қонун дар бораи таҳримҳо гирифта шудааст: Усмонов вазифадор буд, ки дар бораи ҳамаи дороиҳои худ мақомоти Олмонро огоҳ кунад, аммо ин корро накардааст.

Киштии мазкур тирамоҳи соли 2021 барои таъмири куллӣ ба шаҳри Ҳамбурги Олмон ирсол шуд. Моҳи апрели соли 2022 пулиси Олмон киштиро ба ҳабс гирифт.

Расонаҳои Олмон менависанд, Усмонов ҳамзамон дар саркашӣ аз пардохти андозҳо гумонбар аст. Бино ба маълумоти Der Spiegel , аз соли 2014 то соли 2022 Усмонов аз пардохти андозҳо саркашӣ кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG