Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи Cафед ғайримустақим аз бонкҳо хостааст, ба ширкатҳои Русия хидмат расонанд


Вазорати молия ва Департаменти давлатии Амрико ғайримустақим аз бонкҳои бузург, аз ҷумла JPMorgan ва Citigroup хостаанд, аз ҳамкорӣ бо "ширкатҳои мушаххаси русӣ" худдорӣ наварзанд. Дар ин бора хабаргузории Bloomberg иттилоъ медиҳад.

Аз ин бонкҳо хоста шудааст, ки ба ширкатҳое амсоли "Газпром", "Уралкалий" ва "Фосагро" хидмати бонкӣ расонида шавад.

Ба навиштаи хабаргузорӣ, ҳукумати Ҷо Байден, президенти Амрико, ба ин тартиб мехоҳад, оқибатҳои нохуби таҳримҳоро коҳиш диҳад ва аз "фалокати иқтисодии ҷаҳонӣ ва гуруснагии сартосарӣ дар дунё" пешгирӣ кунад.

Ба далели таҳримҳои иқтисодие, ки нисбати Русия баъди ҳамла ба Украина ҷорӣ шуданд, бисёре аз бонкҳои амрикоӣ ҳамкориро бо ширкатҳои русӣ коҳиш доданд.

"Амнияти озуқаворӣ дар дунё аз доду гирифтҳои бонкӣ вобастагӣ дорад. Мо бонкҳо ва афроди дигареро, ки дар тиҷорати маҳсулоти кишоварзӣ даст доранд, мутмаин месозем, ки таҳримҳо ба онҳо дахл нахоҳанд кард", - гуфтааст сардори Департаменти давлатии Амрико дар умури ҳамоҳангсозии таҳримҳо Ҷеймс О'Брайен.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG