Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар соҳили баҳри Хазар даҳҳо тюлени мурдаро пайдо карданд


Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти экологии Осиёи Марказӣ рӯзи 8--уми ноябр хабар дод, ки дар соҳили баҳри Хазар, дар ҳудуди вилояти Манғистауи Қазоқистон беш аз 100 тюлен ё саги дарёии мурдаро пайдо кардаанд.

Манбаъ афзуда, ки дар ҳоли ҳозир омӯзиши хатти соҳил идома дорад. Ҳукумати вилояти Манғистау ва Кумитаи моҳипарварии Вазорати экологияи Қазоқистон барои ҷамъоварии тюленҳо техника ва кормандонро ҷудо кардааст.

Кормандони ин ду ниҳод ҳамчунин минтақаҳои дигари соҳили баҳри Хазарро аз назар мегузаронанд.

Ин нахустин ҳолати пайдошавии тюленҳои мурда дар соҳили баҳри Хазар нест. Расонаи маҳаллии "Lada.kz" моҳи августи имсол хабар дода буд, ки дар минтақаи бандари Форт-Шевченкои Манғистау 64 тюлени мурда пайдо шудааст.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳафтаи равон дар ҷараёни сафараш ба Манғистау ба мушкили ҳалокати тюленҳои баҳри Хазар таваҷҷуҳ карда буд.

XS
SM
MD
LG