Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дуюм аз Русия шикаст хӯрд


Бозигарони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бозигарони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Бозии дуюми дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон ва Русия, ки шаби сешанбеи 8-уми ноябр дар Маҷмааи универсалии варзишии шаҳри Душанбе доир гардид, бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 6:2 ба поён расид.

Бозии аввали дӯстона миёни ин ду даста шаби 7-уми ноябр дар Душанбе бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 10:7 ба поён расида буд.

Бозиҳои дӯстонаро миёни тимҳои миллии футзали Тоҷикистон ва Русия довари ФИФА Анатолий Рубаков ва Никита Афиногенов, ҳарду аз Узбекистон, ҳакамӣ карданд. Доварони эҳтиётӣ довари ФИФА аз Тоҷикистон Беҳрӯз Муртазоев ва ҳамватанаш Суҳроб Сатторов буданд.

Сафари мунтахаби футзали Русия ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат гирифт, ки варзишгарони рус бинобар ҳамлаи низомии Русия ба Украина, аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум карда шудаанд.

Сармураббии дастаи мунтахаби миллии футзали Русия Константин Маевский ба Душанбе 14 футзалбоз оварда буд – 2 дарвозабон ва 12 бозигари майдонӣ.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футзали Русия дар бозиҳои дӯстона бо мунтахаби Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Дмитрий Путилов (КПРФ, Москва), Николай Балашов («Норникел», Норилск);

Бозигарони майдонӣ: Андрей Понкратов, Павел Симаков (ҳарду аз «Газпром-Югра», Югорск), Дмитрий Зайтсев, Сергей Денисов (ҳарду аз «Торпедо», Нижний Новгород), Янар Асадов, Андрей Заболонков, Артём Ниёзов (ҳарсе аз КПРФ, Москва), Павел Карпов,

Егор Шишкин, Никита Фахрутдинов (ҳама аз «Синара», Екатеринбург), Михаил Москалёв, Антон Рубсов (ҳарду аз «Ухта»).

Сармураббӣ – Константин Маевский.

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо тими миллии Русия дар Душанбе бо роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов иштирок кард. Ба ҳайати мунтахаби футзали Тоҷикистон ба бозиҳои дӯстона муқобили мунтахаби Русия 16 бозигар – 2 дарвозабон ва 14 бозигари майдонӣ даъват шуда буданд.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо мунтахаби Русия:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Истиқлол»), Муродулло Алиқулов («Амонатбанк»);

Бозигарон: Файзалӣ Сардоров, Идрис Ёров, Дилшод Саломов, Муҳаммадҷон Шарипов, Бахтиёр Солиев, Самандар Ризомов, Насим Шарипов (ҳама аз «Соро компания»), Рустам Ҳамидов, Абдуқаюм Умаров, Нусратшо Исмоилов (ҳарсе аз «Истиқлол»), Шавкат Ҳалимов, Умед Қузиев, Иқбол Воситзода (ҳарсе аз «Сипар»), Баҳодур Хоҷаев («Истаравшан»).

Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.

Бозиҳои дӯстона

Тоҷикистон Русия 10:7

Голҳо: Янар Асадов, 2 (0:1). Сергей Денисов, 7 (0:2). Идрис Ёров, 12 (1:2). Бахтиёр Солиев, 13 (2:2). Дилшод Саломов, 18 (3:2). Янар Асадов, 18 (3:3). Файзалӣ Сардоров, 25 – аз пеналти (4:3). Артём Ниёзов, 26 (4:4). Файзалӣ Сардоров, 28 (5:4). Файзалӣ Сардоров, 28 (6:4). Янар Асадов, 29 (6:5). Бахтиёр Солиев, 31 (7:5). Файзалӣ Сардоров, 33 (8:5). Янар Асадов, 38 (8:6). Янар Асадов, 39 (8:7). Идрис Ёров, 40 (9:7). Дилшод Саломов, 40 (10:7).

7 ноябр. Душанбе. Қасри теннис ва намудҳои обии варзиш. 2750 тамошобин.

Тоҷикистон Русия – 2:6

Голҳо: Идрис Ёров, 4 (1:0). Артём Ниёзов, 8 (1:1). Андрей Заболонков, 11 (1:2). Андрей Понкратов, 14 (1:3). Сергей Денисов, 20 (1:4). Андрей Понкратов, 22 (1:5). Самандар Ризомов, 32 (2:5). Артём Ниёзов, 39 (2:6).

8 ноябр. Душанбе. Қасри теннис ва намудҳои обии варзиш. 3000 тамошобин.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG