Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як созмони ҳомии ҳуқуқ дар Аврупо ҳукми Вазирбековро "сиёсӣ" хонд


Ораз Вазирбеков
Ораз Вазирбеков

Бунёди "Бузургмеҳр", созмони мустақар дар Аврупо, ҳукми Ораз Вазирбеков, фаъоли бадахшониро "дорои ангезаҳои сиёсӣ" номид.

Ин созмони ҳомии ҳуқуқ бо нашри як изҳорот рӯзи 7-уми ноябр хоҳони раҳоии фаврии Вазирбеков шуд.

Ораз Вазирбеков, яке аз фаъолони мадании зодаи Бадахшон ва аз раҳбарони ҷомеаи помириҳо дар Маскав, рӯзи 5-уми ноябр бо ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанбе ба 16 сол зиндон маҳкум шуд.

Муфаттишон Ораз Вазирбековро аз ҷумла ба ифротгароӣ ва даъват ба сарнагунии ҳукумати қонунӣ аз тариқи Интернет муттаҳам мекарданд. Вазирбеков ва пайвандонаш ин иттиҳомро беасос мехонанд.

Бунёди "Бузургмеҳр" дар баёнияи худ гуфтааст, иттиҳомот нисбати ин фаъоли маданӣ асос надорад ва аз мақомот талаб кардааст, ба "фишору саркӯби фаъолони ҷамъиятӣ, вакилони дифоъ ва наздикони зиндониёну муҳокимаҳои пинҳонии додгоҳӣ дар бинои боздоштгоҳ" хотима диҳанд.

Ин созмони ҳомии ҳуқуқ хостори он шудааст, ки “ба расонаҳо имкон дода шавад, бо дастраси ба маълумоти зарурӣ аз ҷараёни баррасии қазияҳои муҳими додгоҳӣ саривақт ҷомеаро огоҳ кунанд.”

Ораз Вазирбеков ҳамроҳи фаъоли дигари бадахшонӣ, Рамзӣ Вазирбеков, дар охири моҳи июли имсол дар фурудгоҳи "Домодедово"-и Маскав нопадид шуда, дертар дар навори видеоие аз Душанбе аз худ дарак дод. Наздиконаш гуфтанд, ӯ ихтиёрӣ ба Тоҷикистон нарафтааст ва навор саҳнасозӣ аст.

Пайвандони Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо дар ин муддат борҳо дар бораи қонуншиканиҳо зимни тафтишот суҳбат кардаанд. Қаблан созмонҳои дигари ҳомии ҳуқуқ боздоштҳои пайиҳами фаъолону хабарнигоронро маҳкум ва ҳукумати Тоҷикистонро барои ингуна амалкардҳо сахт танқид кардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG