Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия парвози ҳавопаймоҳои Русияро маҳдуд кард


Мақомоти Туркия аз 1-уми ноябр парвози ҳавопаймоҳои Русияро тариқи ҳарими ҳавоии ин кишвар манъ карданд. Ин маҳдудият ба ҳавопаймоҳое дахл дорад, ки сабти дугона доранд.

Дар ин бора хабаргузории РБК бо такя ба манобеи худ дар ширкатҳои ҳавопаймоии Русия иттилоъ дод. Ба навиштаи хабаргузорӣ, зарурати давр задани ҳарими ҳавоии Туркия муддати парвозҳоро аз Русия, барои мисол, ба Миср 20-30 дақиқа афзудааст.

Вазорати нақлиёти Русия тасмим дорад, ин масъаларо бо Туркия дар фурсатҳои наздик баррасӣ кунад.

Охири моҳи майи имсол чунин маҳдудиятро Чин барои ҳавопаймоҳои навъи Boeing ва Airbus ҷорӣ кард, ки дар истифодаи ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ҳастанд.

Бисёре аз ҳавопаймоҳои хориҷии ширкатҳои Русия дар ҷазираҳои Бермуд сабт шудаанд. Моҳи марти имсол, баъди оғози ҳамлаи Русия ба Украина, мақомоти Бермуд иҷозатномаи ҳавопаймоҳоро боздоштанд.

Барои ҳифзи ҳавопаймоҳо мақомоти Русия бештар аз 500 ҳавопайморо дубора дар дохили Русия сабтином кардаанд. То моҳи сентябри соли ҷорӣ 560 ҳавопаймо якбора ҳам дар қайди ҷазираҳои Бермуд ва ҳам дар Русия қарор дошт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG